Изҳори нигаронии кишварҳои G7 аз вазъ дар Афғонистон

Сиёсатмадорон афзоиши чашмраси таҳдидҳо ба субот дар кишварро қайд намуда, аз бад шудани вазъи башарӣ ва иқтисодии он изҳори нигаронӣ карданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 18 апр — Sputnik. Вазирони хориҷаи кишварҳои G7 аз таҳдидҳои афзоянда ба субот дар Афғонистон бо нигаронӣ изҳори нигаронӣ карданд.
Ин изҳорот дар пайи нишасти "ҳафтгонаи бузург" дар Ҷопон садо дод.

"Мо таҳдидҳои афзоянда ба субот дар Афғонистон ва бадтар шудани вазъи башарӣ ва иқтисодиро бо нигаронии ҷиддӣ қайд мекунем. Мо мухолифати шадиди худро ба маҳдудиятҳои афзояндаи ҳуқуқи башар ва озодиҳои бунёдӣ аз ҷониби Толибон* изҳор менамоем", - омадааст дар муроҷиатнома.

Вазирони корҳои хориҷӣ илова карданд, ки онҳо " чун ҳамешагӣ аз набудани фарогири сиёсӣ ва идоракунии намояндагӣ нигаронанд".
Онҳо инчунин аз тарафи Толибон* мунтазам поймол шудани ҳуқуқҳои занону духтаронро маҳкум карданд. Табъиз нисбат ба намояндагони ақаллиятҳои динӣ ва этникӣ аз ҷониби онҳо низ қайд карда шуд.
Вазорати хориҷаи Қазоқистон дипломатҳои толибҳоро таъйиди салоҳият кард
Кишварҳои ин созмон аз ҳукумати нави Афғонистон хостаанд, то барои ворид шудан ба "муколамаи мӯътамад ва фарогири миллӣ" иқдомоти муҳим биандешад.
Дар он ҷое, ки ҳамаи сокинони кишвар, новобаста аз ҷинс, мансубияти этникӣ, эътиқоди динӣ ва сиёсӣ, ҳуқуқи овоздиҳӣ дошта бошанд.
Онҳо ёдовар шуданд, ки Толибон* барои таъмини эҳтироми ҳуқуқи инсон ва зиндагии шоистаи тамоми афғонистониҳо, субот ва эҳёи кишвар масъуланд.
Инчунин таъкид шудааст, ки Афғонистон набояд ба паноҳгоҳи террористон мубаддал гардад.
* Ҳаракат барои фаъолиятҳои террористӣ таҳти таҳримоти СММ қарор дорад.