ДУШАНБЕ, 17 апр — Sputnik. Русия амалан дар танҳоӣ бо саноати низомии Паймони Атлантики Шимолӣ ва Украина муқовимат дорад.
Дар ин бора муовини сардори Вазорати умури хориҷии Русия Михаил Галузин изҳор дошт.
Вай таъкид кард, ки дар ин иттиҳод Киев нақши як пойгоҳ ва НАТО - вазифаи ситод, ақибгоҳ ва таъминкунандаи аслиҳаро мебозанд.
Дипломат қайд кард, ки Украина имрӯз мушкили пешрафти равобити Русия бо Ғарб аст".
"Мутаассифона, ин кишвар ҳамчун як маҳсулоти нодаркори сиёсати англо-саксонхо гардид, ки максад аз он нигоҳ доштани сиёсати якқутбӣ ва гегемонизми пештара, ки аз дасташон меравад аст, — илова намуд Галузин.
Муовини вазири хориҷаи Русия ҳамчунин ба ин нукта таваҷҷӯҳ кард, ки интиқоли силоҳ аз ҷониби кишварҳои узви ин паймон дар маҷмӯъ ба Киев аллакай аз 65 миллиард евро бештар шудааст.
"Дар баробари ин дар Ғарб барои сулҳ, дастгирии кишварҳои рӯ ба тараққӣ, барои ҳалли мушкилоти амнияти озуқаворӣ пул маблағ пайдо накард", - изҳор дошт дипломати рус.
Қаблан Николай Патрушев, дабири Шӯрои амнияти Русия аз имкони барқарории сиёсати чандқутбӣ ба далели пирӯзии Русия бар фашизми украинӣ хабар дода буд.
"Украина як қурбонии навбатии фаъолиятҳои васвосиву хашмгинонаи сиёсатмадорони амрикоӣ шудааст", - гуфт ӯ.
Вай ҳамчунин афзуд, ки таҳти таъсири ИМА кишварҳои Ғарб дастаҷамъона низоъи низомиро барангехта, ба режими Киев силоҳ медиҳанд Ёдовар мешавем, ки 24 феврали соли 2022 Федератсияи Русия дар Украина амалиёти вижаи низомиро оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро “ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли 8 сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд.
Илова бар ин, ҳадафҳои амалиёти вижа инчунин аз ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина иборатанд.