ДУШАНБЕ, 17 апр — Sputnik. Шаби қадр шаби муайяншавии тақдир, ғолибан шаби 27-уми моҳи Рамазон аст, ки беҳтарин вақт барои ибодат буда, дар он дуову ибодат зуд иҷобат меёбад, эълон дошт Шӯрои уламои Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, соли равон шаби қадр шаби 17 ба 18-уми апрел фаро мерасад. Ин ниҳод зикр намудаст, ки шаби қадр шаби андоза кардани корҳо гуфта шудааст.
Соҳиби "Кашшофу истилоҳоти-л-фунун" овардааст: "Шаби қадр шабест бо иззату шараф, ки ҳар кас дар он тоат кунад, азизу мушарраф гардад".
Шӯрои уламо бо такя ба сураи Қуръон бо номи "қадр" аз 4 хусусият ва фазилати шаби қадр ишора намудаст, ки якумаш нузули Қуръони карим дар ҳамин шаб оғоз гардидааст.
Дувум он шаб аз ҳазор моҳ беҳтар мебошад, сеюм фариштагон он шаб барои анҷоми корҳои муайяне бо амри Парвардигор ба замин меоянд.
Чаҳорум, он шаб то саҳар дар сар то сари олами офариниш садои салому дуруди офаридагони Худованд баланд мешавад ва дар он то субҳ нуру баракат ва амну осоиш ҳукмфармост, тавзеҳ додаст Шӯро.
Аз ҳазрати Оиша иқтибос овардааст, ки "паёмбар (с) даҳ рӯзи охири моҳи Рамазонро (ки шаби қадр дар яке аз шабҳои тоқи он мебошад) зинда медошт ва аҳли худро низ бедор месохт".
Шӯрои уламо илова намудаст, ки паёмбар (с) дар қисмати охири ҳадисе, ки фазилати моҳи Рамазонро баён менамояд, мефармоянд:
"Дар он моҳ шаби қадр аст, ки аз ҳазор моҳ беҳтар аст. Касе аз хайру (баракоти) он шаб маҳрум гардад, маҳруми (бадбахти) ҳақиқӣ ҳамон кас аст", - овардааст ин ниҳод аз қавли паёмбар.