Фарсуда ва корношоям шудани вагону локомотивҳо: “Роҳи оҳани Тоҷикистон” чӣ мушкилот дорад

Ахиран дар ҷаласае дар вазири нақлиёти кишвар таъкид кард, ки новобаста аз мушкилот нишондиҳандаҳои хизматрасонии нақлиёти роҳи оҳан низ рӯ ба афзоиш аст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 17 апр — Sputnik. Ба иттилои вазорати нақлиёти кишвар корхонаҳои марбутаи КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” дар ин давра 54 вагонро аз таъмири асосӣ ва 214 вагонро аз таъмири пойгоҳӣ бароварда, дар 11,9 километр роҳи оҳан корҳои бардошту ивази релсҳоро анҷом доданд.
“Бо вуҷуди ин фарсуда ва корношоям гардидани вагонҳо ва локомотивҳо барои корхона чун мушкилоти асосӣ боқӣ мемонад”, - гуфт вазири нақлиёти кишвар Азим Иброҳим.
Вазири нақлиёти кишвар масъулини соҳа ва муассисаю корхонаҳои зертобеи вазорат, марказҳо ва гурӯҳи татбиқи лоиҳаҳоро ба иҷрои саривақтии супоришҳо ва бартараф кардани камбудиҳо муваззаф намуд.
Арзону озод: масъулини “Роҳи оҳан” бартариҳои сафар бо қатораро гуфтанд
Азим Иброҳим супориш дод, ки КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” бояд барои боз ҳам афзоиш додани ҳаҷми боркашонӣ ва мусофирбарӣ, аз ҷумла содироти бор (маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла пиёзи барвақтӣ), ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо соҳибкоронӣ ватанӣ, вазорату идораҳо ва мақомоти дахлдор тадбирҳои заруриро амалӣ намояд.
Ёдовар мешавем, ки баъд аз танафуси тӯлони нахустин ҳаракати қатораҳои Тоҷикистон аз шаҳри Кӯлоб ба шаҳри Волгоград рӯзи 16 август анҷом ёфт. Сипас рӯзи 27 август Қатори мусофирбар аз Душанбе ба Волгоград пас аз танаффуси беш аз 2-сола ба роҳ баромад.
Нархи билети ҷои нишаст 1434 сомонӣ, дар купе 1856 сомонӣ буд.