ДУШАНБЕ, 17 апр — Sputnik. То моҳи марти соли ҷорӣ дар умум беш аз 116 ҳазор сайёҳи дохиливу хориҷӣ аз мавзеъҳои таърихию фарҳангии вилояти Хатлон дидан намуданд.
Дар ин бора нашрияи расмии ҳукумати вилоят - "Хатлон" иттилоъ дода, афзудаст, ки аз шумораи умумӣ зиёда аз 7,5 ҳазор сайёҳ шаҳрвандони хориҷӣ будаанд.
Манбаъ зикр намудаст, ки дар ҳудуди вилояти Хатлон беш аз 930 ёдгориву мавзеъҳои таърихӣ-фарҳангӣ, бостонӣ ва монументалӣ мавҷуданд.
Инчунин дар хизмати сайёҳон 116 меҳмонхона, 139 мавзеи сайёҳӣ, 217 истироҳатгоҳу осоишгоҳ, 139 тарабхона, 45 осорхона, 128 чойхона, 368 банкомати хизматрасониҳои бонкӣ, 50 ҳомстей ва гестхаус, 67 мағозаи фурӯши армуғонҳо, 115 зиёратгоҳ, 45 боғи фарҳангӣ-фароғатӣ қарор доранд.
Таъкид шудааст, ки барои осонии сафари сайёҳон дар Хатлон 80 ишораи сарироҳии сайёҳӣ ва 21 маркази иттилоотии сайёҳӣ ҳамарӯза фаъолият доранд.
Қаблан мақомоти Тоҷикистон иттилоъ доданд, ки дар ҷумҳурӣ 242 ширкати сайёҳӣ фаъолият дорад.
Ба иттилои манбаъ, аз ин шумора дар ВМКБ 50 ширкат, вилояти Суғд 43 ширкат, вилояти Хатлон 19 ширкат, шаҳри Душанбе 112 ширкат ва дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 18 ширкат рост меояд.
Кумитаи рушди сайёҳӣ дар соли гузашта шумори умумии сайёҳони хориҷӣ ба Тоҷикистон воридшударо наздики 1 млн нафар арзёбӣ кардаст, ки дар қиёс бо соли 2021 беш аз 3 баробар ё худ 703 ҳазор нафар сайёҳ зиёд мебошад.