Ҷонибдории ҳукумат аз тағйири бархе ҷойномҳо дар шарқи Тоҷикистон

Маҷлиси вакилони халқии ноҳияи Тоҷикобод пешниҳод кардааст, ки бархе ҷойномҳо дар минтақа тағйир дода шаванд ва ҳукумат низ онро ҷонибдорӣ кардааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 16 апр – Sputnik. Номи деҳоти Мазори Боло ва Мазори Поён дар ноҳияи Тоҷикобод иваз карда мешавад.
Ин пешниҳодро вакилони халқи ноҳияи Тоҷикобод ироа намуда, ҳукумати ҷумҳурӣ онро дастгирӣ намудаст.
Бар асоси қарори ҳукумат, номи деҳаи Мазори Болои ҷамоати Лангари Шоҳи ноҳияи Тоҷикобод ба деҳаи Обшорон иваз хоҳад шуд. Мазори поёни ин ҷамоат номи Оҳангаронро мегирад.
Ҳукумати Тоҷикистон барои тасдиқи номҳои ҷадид, пешниҳоди вакилони ноҳияи Тоҷикободро ба баррасии Маҷлиси милӣ, палатаи болоии парлумони кишвар пешниҳод кардааст.
Ҷонибдории ҳукумат аз иваз кардани Ҷиргатол: Маҷлиси миллӣ баррасӣ мекунад
Маврид ба зикр аст, ки қаблан Кумитаи забон ва истилоҳоти назди ҳукумати Тоҷикистон, мутобиқати мавзеъҳои ҷуғрофӣ дар ҷумҳурӣ ба меъёрҳои забони тоҷикиро омӯхта, номутобиқатиҳоро ошкор кард.
Таъкид шуд, ки гуруҳи пажуҳишии мазкур намояндагони мақомоти бахши забон, идораи замин, рушди маҳал, геология ва олимони бахши забону таърихро дар бар гирифта буд.
Дар мавриди он, ки кадом номҳоро ғайримеъёрӣ донистаанд, раиси Кумитаи забон ва истилоҳот, Олимҷон Муҳаммадҷонзода тавзеҳ дода буд, ки дар феҳрасти номҳои ғайримеъёрӣ он ҷойномҳое мебошанд, ки дар замони шӯравӣ номҳои таърихии тоҷикӣ ба шакли нодуруст ё ба шакли ғайритоҷикӣ гардонда шудаанд.
Муҳамммадҷонзода гуфт, дар асоси омӯзиши маводи таъриию ҷуғрофӣ, номи асили бархе маҳаллаю мавзеъҳо барқарор гардида, корбарӣ дар ин самт идома дорад.
Тағйири ҷойномҳо дар Тоҷикистон чанд сол ба ин сӯ идома дорад ва ивазсозии номҳои ҷуғрофиеро, ки дар замонҳои то ва баъд аз шӯравӣ ба табъи сиёсатҳои давр ва бар ивази номҳои таърихии миллӣ гузошта шуда буданд, ҳадаф қарор додааст.