ДУШАНБЕ, 16 апр – Sputnik. Ҷангҷӯёни украинӣ дар самти Запороже фаъолтар шудаанд, ки гуфт фармондеҳи ҳайати тупи "Мста-Б".
Ӯ дар суҳбат бо РИА "Новости" таъкид намуд, ки корашон дар ин самт зиёдтар шудааст, то аз рақиб пешдастӣ кунанду иҷозат надиҳанд, ки ба ҳадафҳояшон ноил гарданд.
"Кор ба таври назаррас зиёд шуд, Ҳаракати душман мушоҳида карда мешавад, Вазифаи мо он аст, ки онҳоро дар лаҳзаи сарбардорияшон хомӯш кунем. Барои он ки онҳо супоришро иҷро накунанд, мо бояд аз онҳо пеш гузарем", - гуфт ӯ.
Дар бораи ҳамлаи қарибулвуқӯъи нерӯҳои мусаллаҳи Украина ҳам дар Киев ва ҳам дар Ғарб борҳо эълон шуда буд.
Яке аз самтҳои зарбазанӣ минтақаи Запороже бо мақсади расидан ба соҳили баҳри Азов бо мақсади буридани долони заминӣ ба Қрим арзёбӣ мешавад.
Қаблан хабаргузории Reuters иттилоъ дод, ки Киев ҳашт бригадаи ба истилоҳ ҳамлагарро таълим додааст.
Муассиси гурӯҳи "Вагнер" Евгений Пригожин теъдоди ин нерӯҳоро ҳудуди 200 ҳазор нафар арзёбӣ кардааст.
Дар навбати худ, дар вилояти Запорожье чун дар дигар субъектҳои нави Русия гуфтанд, ки ба ҳар гуна амалиёти нерӯҳои мусаллаҳи Украина омодагӣ дидаанд.