ДУШАНБЕ, 16 апр — Sputnik. Ҳамкории Русия ва Арабистони Саудӣ дар пасманзари коҳиши нуфузи ИМА ба кишварҳои истихроҷкунандаи нафт метавонад барои интихоби дубораи раисиҷумҳури ИМА Ҷо Байден дар соли 2024 монеъ шавад, менависад Bloomberg.
Ба гуфтаи муаллифони матлаб, агар дар соли 2020 Иёлоти Муттаҳида дар ихтилофи нархии миёни аъзои ОПЕК ҳамчун "сулҳҷӯй" баромад карда бошад, ҳоло, зоҳиран, Амрико барои аъзои иттиҳодия "ҳадаф" қарор гирифтааст.
Эътилофи нафтии Русия ва Арабистони Саудӣ имкон дорад, ки ба иқтисоди Амрико ва ҳатто ба маъракаи интихоботии Ҷо Байден мушкилот эҷод кунад.
Муаллифон таъкид мекунанд, ки раисҷумҳури Амрико бо ҳадафи афзоиши истихроҷи нафт ба Арабистони Саудӣ парвоз кардааст, аммо аз он замон кишварҳои ОПЕК+ онро ду маротиба коҳиш додаанд.
Тавре дар матлаб таъкид шудааст, феълан Риёз аз мадори ИМА берун мешавад. Кишвар ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро дар мувофиқа бо Русия муайян мекунад, бо миёнҷигарии Чин муносибатҳоро бо рақибаш дар минтақа, Эрон ба эътидол овардааст.
Ба гуфтаи таҳлилгарон, дар соли 2024 коҳиши пешниҳод қимати “тиллои сиёҳ”-ро то ба 120 доллар барои як бушка мерасонад, ки ба таваррум дар иқтисоди Амрико таъсири манфӣ мерасонад.
Муаллифони мавод таъкид мекунанд, ки "ақли солим бозгӯ мекунад, ки нархи баланди сӯзишворӣ ҳангоми ба овоздиҳӣ рафтани мардум ба раисиҷумҳури феълӣ зарар хоҳад расонд".
Ёдовар мешавем, ки моҳи март Эрон ва Арабистони Саудӣ дар бораи ба эътидол овардани равобит созишнома имзо карданд.
Ин тавофуқҳо дар пайи музокироти чандрӯзаи Пекин миёни дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон Алӣ Шамхонӣ ва ҳамтои саудиаш ба даст омадаанд. Гуфта мешавад, ки кишварҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҳамкориҳоро дар заминаҳои амниятӣ, тиҷорат ва сармоягузорӣ аз сар бигиранд.