ДУШАНБЕ, 15 апр — Sputnik. Вазири умури хориҷаи Чин Чжан Гонг гуфт, мақомоти ин кишвар аз мушорикати Русия барои ҳалу фасли масъалаи Афғонистон истиқбол мекунанд, иттилоъ додааст "радиои Дарӣ".
Вай гуфт, нақши Маскавро дар заминаи тавсеаи ҳамкории чандҷониба дар ин масир, муҳим медонанд.
Вай афзуд, ки Чину Русия мавозеъи худро дар бораи масъалаи Афғонистон ба хубӣ бо якдигар ҳамоҳанг мекунанд.
Вазири умури хориҷаи Чин изҳор кард, ки аз лиҳози торихӣ, Афғонистон равобити наздике бо кишварҳои ҳамсоя дорад ва ҳали масъалаи Афғонистон мусталзими рӯйкардии воқеъбинона аст.
Гурӯҳи толибҳо, ки аз моҳи августи соли 2021 бо канор задани давлати Муҳаммади Ашраф Ғанӣ, дар Афғонистон ба қудрати расида, ҳануз машруъияти байналмилалӣ ва минтақаиро ба даст наёварда аст.
Хостаи ҷомеъаи ҷаҳонӣ аз толибҳо, ташкили давлати фарогир дар Афғонистон ҳаст, ки ҳануз ташкил нашудааст.