ДУШАНБЕ, 15 апр — Sputnik. Ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" тасмим дорад, ҷуғрофиёи парвозҳояшро васеътар намояд.
Ҳамин тавр, ба зудӣ парвозҳо аз Душанбе ба шаҳри Қашғари Чин оғоз мешаванд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр".
Чунин имкониятҳо дар мулоқоти ҳайати роҳбарияти ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" бо ҳайати Қашғари Вилояти Мухтори Шинҷон-Уйғури Чин таҳти роҳбарии шаҳрдор Ясенҷон Яхеп баррасӣ шуданд.
Дар ин чорабинӣ масоили ҳамкориҳои эҳтимолӣ дар соҳаи ҳамлу нақли ҳавоӣ, аз ҷумла дурнамои ифтитоҳи парвоз дар масири Душанбе – Қашғар – Душанбе баррасӣ шуд.
"Мо шаҳри Қошғарро яке аз самтҳои Чин мешуморем, ки дар онҷо метавонем дар миёнамуҳлат парвозҳо роҳандозӣ намоем. Ин бешубҳа кишварҳои моро боз ҳам наздиктар мекунад. Мо ният дорем, ба омӯзиши масоили ифтитоҳи парвозҳо шурӯъ кунем", - гуфт Абдулқосим Восиев, мудири кулли ширкати "Сомон Эйр".
Ҷонибҳо ҳамчунин як қатор масъалаҳои рушди ҳамкориҳои мутақобилан судмандро баррасӣ намуданд.
Парвозҳои мустақим байни Тоҷикистону Чин, ки бар асари пандемияи коронавирус қатъ шуда буданд, моҳи феврали соли 2023 барқарор шуданд.
Аввалин парвоз пас аз танаффуси тақрибан сесола рӯзи 8 феврал аз Душанбе ба Урумчӣ сурат гирифт.