Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Артиши Русия ду анбори аслиҳаи нерӯҳои украиниро дар вилояти Харков нобуд кард

Артиши Русия ду анбори тиру аслиҳа ва тӯхонаи Д-20-и қувваҳои мусаллаҳи Украинаро дар вилояти Харкови ин кишвар нобуд карданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 15 апр — Sputnik. Нерӯҳои тӯпхонаии Русия ду анбори лавозимоти ҷангии Украина ва як тӯпи 152 миллиметрии Д-20-ро дар наздикии деҳаи Лозовая (ноҳияи Волчански вилояти Харков) нобуд карданд.
Дар ин бора афсари маркази матбуоти гурӯҳи "Ғарб" ба хабаргузории РИА Новости гуфт.
"Бо истифода аз мушакандози чандгонаи "Град" ва тӯпҳои "Мста-С", ду анбори лавозимоти ҷангӣ ва як тӯпхонаи Д-20 дар наздикии шаҳраки Лозовая нобуд карда шуданд", - гуфт ӯ.
Илова бар ин, ҳангоми шилик аз тӯпи Д-20 нерӯҳои Русия таҳти фармондеҳии Никита Фесенков нерӯҳои хумпораандози украиниро дар минтақаи аҳолинишини Зибино нобуд карданд.
Орбан: Украина кишварест, ки вуҷуд надорад
Ёдовар мешавем, ки 24 феврали соли 2022 Федератсияи Русия дар Украина амалиёти вижаи низомиро оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро “ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли 8 сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд.
Илова бар ин, ҳадафҳои амалиёти вижа инчунин аз ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина иборатанд.