ДУШАНБЕ, 13 апр — Sputnik. Бо вуҷуд рафтани Амирхон Муттақӣ, сарпарасти вазорати умури хориҷаи толибҳо ба шаҳри Самарқанд барои иштирок дар нишаст ва низ аксгрии ҷамъии вазирони хориҷаи кишварҳои ҳамсояҳои Афғонистон бо ҳузури намояндагонӣ аз Русия, Чин, Покистон, Эрон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон иҷозаи ҳузур ба вай дода нашуд.
Мавре Sputnik Афғонистон хабар додааст, дар нишасти Самарқанд бо иштироки вазирони хориҷа ва намояндагони кишварҳои Русия, Чин, Эрон, Покистон, Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва Туркманистон, дар шаҳри Самарқанд баргузор шуд.
Пеш аз нишасти умумӣ, нишасти чаҳорҷонибаи вазирони хориҷаи Русия, Чин, Эрон ва вазири мушовир дар умури хориҷии Покистон баргузор шуд.
Дар поёни нишасти чаҳорҷониба намояндагони ин кишварҳо Амрикоро масъули вазъияти кунунии Афғонистон хонда ва бар ташкили ҳукумати фарогир дар Афғонистон таъкид карданд.
Дар он вазирони умури хориҷаи Эрон, Русия, Чин ва Покистон дар баёнияи муштарак гуфтанд, ки Амрико ва муттаҳидонаш бояд масъулияти авзоъ дар Афғонистонро бар ӯҳда бигиранд ва ҳамчунин таҳримҳоро лағв кунанд ва дороиҳои дар хориҷ бударо баргардонанд.
Илова бар ин, кишварҳо шадидан бо эҳёи пойгоҳҳои низомии Амрико ва муттаҳидон дар Афғонистон ва атрофи он мухолифат карданд. Ба назари онҳо, ин ба сулҳу субот дар минтақа зарар мерасонад.
Дар нишасти чаҳоруми вазирон раҳбарони вазоратҳои хориҷаи Узбекистон, Русия, Эрон, Чин, Покистон, Тоҷикистон ва Туркманистон ширкат хоҳанд кард.