Русия ният надорад, ки квотаҳо барои донишҷӯёни Тоҷикистонро кам кунад

Дар солҳои охир шумори донишҷӯёни хориҷӣ дар Русия афзоиш ёфтааст – дар баробари ин шумораи ҷойҳои буҷетӣ дар донишгоҳҳои Русия низ афзоиш ёфтааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 14 апр — Sputnik. Вазорати маориф ва илми Русия тасмим гирифтааст, ки дар соли оянда теъдоди квотаҳои ҷойҳои буҷавӣ дар донишгоҳҳоро барои донишҷӯёни хориҷӣ ҳифз намояд.
Дар ин бора Валерий Фалков, вазири маориф ва илми Русия дар форуми олимони ҷавон, ки дар Томск баргузор шуд, хабар дод.
Ҳамин тариқ, дар соли 2024 ҳамон миқдори квотаҳое, ки дар соли 2023 ба донишҷӯёни хориҷӣ барои таҳсил дар донишгоҳои Русия ҷудо шуда буд, боқӣ мемонад.
Ба гуфтаи ин вазорат, дар соли равон барои таҳсили шаҳрвандони хориҷӣ тибқи квотаи ҳукумати Русия 30 ҳазор ҷой ҷудо шудааст.
Дар Русия аҳдофи додани квота барои омӯзиш ба хориҷиёнро гуфтанд
Дар Русия қариб 400 ҳазор донишҷӯ аз кишварҳои дуру наздик таҳсил мекунанд.
"Сарфи назар аз Covid-19 ва нооромиҳое, ки вуҷуд дорад, ҳатто то охири соли 2022, шумораи довталабони мо кам нашуда буд, балки баръакс, афзоиш ёфт. Мо квотаҳоро барои донишҷӯёни хориҷӣ зиёд мекунем - аллакай дар соли 2023 то 30 ҳазор нафар ба таҳсил фаро гирифта мешаванд", - гуфт оқои Фалков.
Вай афзуд, ки ба донишҷӯёни хориҷӣ низ имкон дода мешавад, ки ба лоиҳаи федералии "Платформаи донишгоҳии соҳибкории технологӣ" шомил шаванд.
Вазифаи аслии он ин аст, ки шаҳрвандони хориҷӣ бо таҳсилоти босифат таъмин карда шаванд, то онҳо пас аз бозгашт ба Ватан барои рушди иқтисоди давлатҳои худ фаъолият намоянд.
Ҳангоми тақсими ҷойҳои буҷетӣ, ҳукумати Русия маҳз ба он ихтисосҳое таваҷҷӯҳ мекунад, ки дар тӯли 4-6 соли оянда кишвар ба он ниёз дошта бошад.