Роҳбандии бархе аз кӯчаҳои шаҳри Душанбе

Ба сабаби баргузории Ниммарафони XIII байналмилалӣ дар баъзе аз кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе ҳаракати ҳама гуна воситаи нақлиёт муваққатан қатъ мегардад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 14 апр — Sputnik. Рӯзи 15 апрел аз соати 8:00 дар баъзе кӯчаю хиёбонҳои шаҳри Душанбе бинобар сабаби баргузор гардидани Ниммарафони XIII байналмилалӣ ҳаракати ҳама гуна воситаҳои нақлиёт муваққатан қатъ карда мешавад.
Дар ин бора Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар додааст.
Тибқи иттилои манбаъ ҳаракати ҳама гуна воситаҳои нақлиёт дар кӯчаву хиёбонҳои Ҳ. Шерозӣ — аз буриши кӯчаи Саъдии Шерозӣ то маҳаллаи Чорбоғ ва кӯчаи Карамов аз давродаври хиёбони Ҳофизи Шерозӣ то хиёбони Рӯдакӣ то анҷоми ниммарафон қатъ мегардад.
Баргузории Ниммарафони байналмилалӣ дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи пойтахт
Инчунин ба иттилои манбаъ, дар хиёбони Рӯдакӣ аз буриши кӯчаи Карамов то кӯчаи Бухоро то анҷоми чорабинӣ ҳаракати нақлиёт қатъ мегардад.
Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз ронандагони воситаҳои нақлиёт ва меҳмонони пойтахт хоҳиш кардааст, ки аз кӯчаҳои ҳамшафати роҳ — М. Турсунзода, С, Айнӣ, С. Шерозӣ, Дӯстии халқҳо ва Сино истифода баранд.