ДУШАНБЕ, 14 апр — Sputnik. Дар Маскав моякӯбии профилактикӣ бар зидди бемории сурхакон сурат мегирад.
Дар ин бора дафтари матбуоти Раёсати тандурустии пойтахти Русия хабар додааст.
Ҳамин тариқ, нафароне, ки зидди бемории сурхакон моякӯбӣ нашудаанд, эм карда мешаванд, аз ҷумла гурӯҳҳои декретӣ ва муҳоҷирон.
Ин маърака аз 3 апрел оғоз шуда, то охири соли 2023 идома хоҳад кард.
Бояд гуфт, ки вируси сурхакон ба шахс тавассути ҳавоӣ.
Эҳтимолияти сирояти шахсони моякӯби нашуда дар тамос бо бемор ба 100% мерасад.
Дар ин ҳолат, беморӣ метавонад дар шаклҳои вазнин идома ёбад, ва инсонро бо мушкилиҳо дар шакли менингит, энцефалит, отити миёна, илтиҳоби шуш ва ғайра рӯ ба рӯ кунад.
"Ягона роҳи боэътимоди муҳофизат аз сурхакон ин моякӯбӣ аст", - таъкид кардааст вазорат.
Хадамоти матбуоти вазорат қайд кард, ки ваксинаҳои зидди сурхакон, ки дар Маскав истифода мешаванд, дорои вируси заиф буда, ва ба пайдоиши ин беморӣ ҷилавгирӣ мекунад.
Ҳар шахс имкон дорад дар дармонгоҳи маҳалли зист ба таври ройгон моякӯбӣ шавад.