ДУШАНБЕ, 14 апр — Sputnik. Кишварҳои ИДМ созишнома дар бораи савдои озоди хизматрасониро барои имзо омода карда истодаанд.
Ин нуктаро вазири умури хориҷии Русия, Сергей Лавров дар пайи нишасти вазирони хориҷии кишварҳои узви ИДМ дар шаҳри Самарқанд баён дошт.
Вай таъкид намуд, ки санади мазкур барои густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ миёни кишварҳои муштаракулманофеъ такон хоҳад буд.
Вазири умури хориҷии Русия иттилоъ дод, ки созишномаи мазкур барои баррасӣ ба ҳамоиши сарони ҳукуматҳои кишварҳои узви ИДМ пешниҳод мегардад.
Ба гуфтаи Лавров, роҳбарони ҳукуматҳои кишварҳои муштаракулманофеъ моҳи июни соли равон дар шаҳри Сочи мулоқот хоҳанд дошт.
Дар мавриди нишасти вазирони умури хориҷӣ дар Самарқанд, Сергей Лавров изҳор дошт, ки он дар фазои созандаю эътимод, ҳамон тавре, ки миёни дӯстон роиҷ аст, баргузор гардид.
"Тамаркуз ба вазъияти байналмиллалӣ буд, ки дар натиҷаи ҷанги гибридии Ғарб барои бартарияти ҷаҳонии худ, ба таври бесобиқа шиддат гирифтааст", - гуфт ӯ.
Маврид ба зикр аст, ки масъалаи меҳварии дигари вазирони умури хориҷӣ дар Самарқанд ин вазъияти Афғонистон арзёбӣ шуда буд.
Қаблан низ борҳо нишасти мақомдорони кишварҳои минтақа барои баррасии вазъи Афғонистон баргузор шуда буд. Ҳадафи ҳамоишҳо ҳамоҳангии талошҳои минтақаӣ дар ҷиҳати мусоидат ба Афғонистон дар масоили гуманитарӣ ва иқтисодӣ - иҷтимоӣ арзёбӣ мешавад.