ДУШАНБЕ, 14 апр — Sputnik. Ахиран ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин дар шаҳри Самарқанд дар ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ширкат кард, иттилоъ додааст дафтари матбуоти вазорати умури хориҷаи кишвар.
Ба иттилои манбаъ, дар рафти вохӯрӣ роҳбарони мақомоти сиёсати хориҷӣ роҷеъ ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи ҷории Иттиҳод табодули афкор намуданд.
Таъкид шудааст, ки Сироҷиддин Муҳриддин зимни суханронии худ мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба дурнамои ҳамкорӣ дар доираи ИДМ бо дарназардошти Консепсияи барӯзшудаи рушди минбаъдаи Созмон муаррифӣ намуд.
Натиҷаҳо аз дидор
Ба иттилои вазорати хориҷа роҳбарони ҳайатҳо ҳисоботи Кумитаи иҷроияи ИДМ-ро оид ба рафти татбиқи Нақшаи машваратҳои бисёрсатҳи вазоратҳои корҳои хориҷии давлатҳои иштирокдори Иттиҳод дар соли 2022 тасдиқ намуда, бо маълумот дар бораи иҷрои Барномаи амал оид ба тақвияти ҳамкорӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии давлатҳои иштирокдори ИДМ шинос шуданд.
Зимнан Низомнома дар бораи мусобиқаҳои оммавии кишварҳои ИДМ байни кӯдакони дорои имконияти маҳдуди саломатӣ низ тасдиқ гардида, зумраи қарорҳо дар бораи ба ҳайси пойтахтҳои фарҳангӣ, варзишӣ ва ҷавонони ИДМ эълон намудани як қатор шаҳрҳои давлатҳои иштирокдори Иттиҳод қабул карда шуданд.
Имзои созишномаи ҷадид барои такони равобити иқтисодии ИДМ
Кишварҳои ИДМ созишнома дар бораи савдои озоди хизматрасониро барои имзо омода карда истодаанд.
Ин нуктаро вазири умури хориҷии Русия, Сергей Лавров дар пайи нишасти вазирони хориҷии кишварҳои узви ИДМ дар шаҳри Самарқанд баён дошт.
Вай таъкид намуд, ки санади мазкур барои густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ миёни кишварҳои муштаракулманофеъ такон хоҳад буд.
Вазири умури хориҷии Русия иттилоъ дод, ки созишномаи мазкур барои баррасӣ ба ҳамоиши сарони ҳукуматҳои кишварҳои узви ИДМ пешниҳод мегардад.
Ба гуфтаи Лавров, роҳбарони ҳукуматҳои кишварҳои муштаракулманофеъ моҳи июни соли равон дар шаҳри Сочи мулоқот хоҳанд дошт.
Дар мавриди нишасти вазирони умури хориҷӣ дар Самарқанд, Сергей Лавров изҳор дошт, ки он дар фазои созандаю эътимод, ҳамон тавре, ки миёни дӯстон роиҷ аст, баргузор гардид.
"Тамаркуз ба вазъияти байналмиллалӣ буд, ки дар натиҷаи ҷанги гибридии Ғарб барои бартарияти ҷаҳонии худ, ба таври бесобиқа шиддат гирифтааст", - гуфт ӯ.
Нигаронӣ аз вазъи Афғонистон
Маврид ба зикр аст, ки масъалаи меҳварии дигари вазирони умури хориҷӣ дар Самарқанд ин вазъияти Афғонистон арзёбӣ шуда буд.
Қаблан низ борҳо нишасти мақомдорони кишварҳои минтақа барои баррасии вазъи Афғонистон баргузор шуда буд.
Ҳадафи ҳамоишҳо ҳамоҳангии талошҳои минтақаӣ дар ҷиҳати мусоидат ба Афғонистон дар масоили гуманитарӣ ва иқтисодӣ - иҷтимоӣ арзёбӣ мешавад.
Осиёи Марказӣ - Русия
Илова бар ин дар шаҳри Самарқанд дар Вохӯрии 6-уми вазирони корҳои хориҷӣ дар қолаби Осиёи Марказӣ – Русия баргузор гардид, ки дар он ҳам вазири умури хориҷҷии Тоҷикистон иштирок кард.
Вазирони хориҷа атрофи вазъу дурнамои ҳамкориҳои дар қолаби Оиёи Марказӣ-Русия, инчунин масъалаҳои мубрами минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули афкор сурат гирифт.
Зимнан вазирон ба натиҷаи нишасти нахустини сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия, ки 14 октябри соли 2022 дар Остона баргузор гардида буд, таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.
Вазири хориҷаи Тоҷикистон дар ин вохурӣ ба таҳкими робитаҳо дар чаҳорчӯби ОМ-Русия аҳамияти хосса дода, қолаби мазкурро ҳамчун сарчашмаи имкониятҳои нав барои пешбурди фаъоли ҳамкорҳои мутақобилан судманд арзёбӣ менамояд.
Ҳамчунин вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон нигоҳи кишварро вобаста ба абзорҳои татбиқи ташаббусу пешниҳодҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи амният ва иқтисоди пешгирикунанда, ки дар рафти иҷлоси Остона ироа шуда буданд, муаррифӣ намуд.