ДУШАНБЕ, 12 апр – Sputnik. Ба гуфтаи Хоҷа Осиф, вазири дифои Покистон мегӯяд, ки Исломобод ба толибҳо ҳушдор додааст, ки агар ҳокимони билфеъл дар Кобул натавонанд шабаҳи низомиёни зидди покистониро маҳор кунанд, ба махфигоҳҳои террористҳо дар дохили Афғонистон ҳамла хоҳад кард.
Осиф дар сафари авохири худ дар моҳи феврали соли равон ба Афғонистон гуфт, ки ба раҳбарони толибҳо ёдоварӣ кардааст, то ба таъаҳҳудоти амниятии марзии худ амал кунанд, то ки террористҳо бо истифода аз хоки Афғонистон барои тарроҳӣ ва анҷоми ҳамалот ба Покистон ё Исломобод анҷом надиҳанд. Дар ғайри он Исломобод даст ба иқдом хоҳад зад.
“Агар ин кор анҷом нашавад, дар бархе мавоқеъ мо маҷбур хоҳем буд… ба бархе иқдомот бипардозем, ки қатъан ҳар ҷо, ки террористҳо ҳастанд, паноҳгоҳҳои онҳоро дар хоки Афғонистон ҳадаф қарор хоҳем дод", - гуфт Вазири дифои Покистон.
Ӯ гуфт, мо маҷбури хоҳем буд онҳоро ҳадаф қарор диҳем, зеро наметавонем ин вазъиятро барои муддати тӯлонӣ таҳаммул кунем.
Маврид ба зикр аст, ки идораи Кобулро беш аз як соли аст, ки толибҳо ба уҳда доранд. Намояндагони ин гурӯҳ нимаи августи соли гузашта, бо ғасби қудрат дар Кобул аз анҷоми ҷанг хабар доданд.