ДУШАНБЕ, 13 апрель — Sputnik. Мактаби олии иқтисодии Донишгоҳи миллии тадқиқотӣ ҳисоб кард, ки Русия ба чӣ қадар муҳоҷири меҳнатӣ ниёз дорад.
Дар ин бора кори илмӣ ва тадқиқоти Институти демографияи ба номи А.Г. Вишневский дар маҷалаи “новая экономическая ассоциация” бахшида шудааст.
Коршиносон ба хулосае омадаанд, ки барои нигоҳ доштани аҳолӣ дар кишвар бояд солона аз 390 ҳазор то 1,1 миллион муҳоҷир ҷалб карда шавад.
Онҳо ҳамчунин зикр карданд, ки вобаста ба нақшаҳои гуногуни таваллуд ва марг афзоиши солонаи муҳоҷирон аз соли 2021 то 2023 бояд ба 460-1200 ҳазор нафар мувофиқат кунад.
"Ин назар ба нақшаҳои воқеии муҳоҷират 2-6 маротиба ва ҳатто аз нақшаҳои баланд 1,5-4,5 маротиба зиёдтар аст", - қайд карданд олимон.
Муҳаққиқон таъкид карданд, ки бидуни муҳоҷирон афзоиши аҳолӣ дар Русияро таъмин кардан ғайриимкон аст.
Ҳамин тавр, зарурати ба ҷараёни муътадили муҳоҷирон то соли 2036 идома хоҳад ёфт. Дар ҳамин ҳол, коҳиши аҳолӣ то соли 2026 идома хоҳад ёфт.
Дар аввали соли 2023 шумораи аҳолӣ дар Русия 146,45 миллион нафарро ташкил дод, ки нисбат ба аввали соли гузашта 0,5 миллион нафар камтар аст.
Қаблан ҷомеъашиносон коҳиши нерӯи корӣ дар Русияро арзёбӣ карда буданд.
Тибқи пешгӯиҳои онҳо, то охири соли 2030 Русия 1,9 миллион нафарашро аз даст медиҳад.
Аз хама бештар кам шудани вазни киёсии аҳолии қобили меҳнат дар 4 минтақа: Маскав, Санкт-Петербург, вилоятхои Маскав ва Ленинград пешбинӣ шудааст.
Ин ба афзоиши шумори аҳолии онҳо аз ҳисоби муҳоҷирони ҷавон марбут аст, аммо дар даҳсолаи ҷорӣ онҳо ба гурӯҳҳои синну соли калонтар мегузаранд.