Лағви парвози самти Душанбе дар фурудгоҳи Санкт-Петербург: тафсилот

Парвоз аз "Пулково" ба пойтахти Тоҷикистон ҳамроҳ бо дигар ҳавопаймоҳое, ки мебоист аз фурудгоҳ парвоз мекарданд, ба муддати номуайян ба таъхир гузошта шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 13 апр — Sputnik. Аз Санкт-Петербург ба Душанбе ӯзи 13 апрел як ҳавопаймои ширкати русии "Уралские авиалинии" парвоз намекунад.
Тибқи иттилои Додаҳои онлайни парвозҳои фурудгоҳи "Пулково", сухан дар бораи ҳавопаймои U6 2879 меравад, ки мебоист соати 14:45 ба вақти маҳаллӣ ба пойтахти Тоҷикистон парвоз мекард.
Сабаби лағви парвоз ва вақти нави парвоз ҳанӯз хабар дода нашудааст.
Аммо дар ҳамин ҳол, як парвози дигари ин ширкат бо номи U6 2641, соати 01:09 ба вақти маҳаллӣ аз Санкт-Петербург ба Хуҷанд бомуваффақият парвоз кард.
Аз Красноярск ба Бохтар парвози нав кушода мешавад
Илова бар ин, аз фурудгоҳ ба Ереван ҳавопаймои FlyOne Armenia парвоз намекунад, парвози S7 ба Иркутск бо таъхир мепарад ва инчунин лағви парвоз аз Маскав ба "Пулково" аз ширкати "Ямал" низ вуҷуд дорад.
Дар дигар минтақаҳо ягон тағйирот ба нақша гирифта нашудааст.
Ҷадвали парвозҳоро метавон дар давоми рӯз дар вебсайти фурудгоҳи Санкт-Петербург пайгирӣ кард.