ДУШАНБЕ, 13 апр — Sputnik. Ҳокимони нави Афғонистон бояд як ҳукумати фарогир таъсис дода, маҳдудиятҳоро нисбати занон ва ақаллиятҳои этникӣ лағв кунанд.
Чунин изҳороти муштараки вазирони корҳои хориҷии Русия, Чин, Эрон ва Покистон дар конфронси вазирони кишварҳои ҳамсояи Афғонистон, ки дар Самарқанд баргузор шуд, садо дод.
Матни он дар Telegram-канали Вазорати умури хориҷаи Эрон мунташир шудааст.
Дипломатҳо ҳамчунин таъкид карданд, ки ҳукумати Толибон* барои созмонҳои хориҷӣ ва шаҳрвандони кишварҳои дигар сатҳи зарурии амниятро фароҳам намеоранд ва ҳуқуқи онҳоро пурра таъмин намекунад.
Ҷомеаи ҷаҳонӣ манфиатдор аст, ки дар Афғонистон сулҳу субот бошад ва ба майдони рақобати геополитикӣ табдил наёбад, гуфтанд вазирони корҳои хориҷӣ.
Аз ин рӯ, ба гуфтаи онҳо, ҳукумати нави кишвар бояд барои мубориза бо терроризм чораҳои намоён андешад ва ҳамчунин аз барқарории пойгоҳҳои низомии Амрико ва муттаҳидонаш дар Афғонистон ва атрофи он ҷилавгирӣ кунад.
Ёдовар мешавем, ки ҳамин талабот дар санади Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин дар остонаи конфронси Самарқанд мунташир шуда буд.
Дипломатҳои чинӣ гуфтаанд, "мудохилаи низомӣ ва "тағйироти демократӣ"-и нерӯҳои хориҷӣ дар Афғонистон тайи 20 соли ахир ба ин кишвар талафот ва ранҷҳои зиёд овардааст ва аз байн бурдани таъсири манфии онҳо солҳои тӯлонӣ мушкил хоҳад буд".
*-созмоне, ки барои фаъолиятҳои террористӣ таҳти таҳримоти СММ қарор дорад