Дар Душанбе ҷавонони боистеъдодро қадрдонӣ мекунанд

Раиси пойтахт дастур додааст, ки барои ҳавасмандгардонии мактаббачагон, донишҷӯён ва олимони ҷавон аз фонди захиравии шаҳр маблағ ҷудо карда шавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 13 апр — Sputnik. Стипендияи раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба 240 нафар ғолибони озмун ботантана супорида мешавад.
Дар ин бора дафтари матбуоти ҳукумати шаҳр хабар додааст.
Ҳамин тариқ, мукофоти пулӣ ба мактаббачагон, донишҷӯён, олимону муҳаққиқони ҷавон дода мешавад.
Тибқи натиҷаҳои ҷамъбастшуда Рустами Эмомалӣ дастур дод, ки аз буҷаи шаҳр маблағ ҷудо карда шавад.
Ҳамин тариқ, барои ҷоизаҳо 700,2 ҳазор сомонӣ аз фонди захиравии раиси шаҳри Душанбе барои соли таҳсили 2022-2023 равона карда мешавад.
Гуфта мешавад, ки ба ҳар як финалисти мусобиқа қариб 30 ҳазор сомонӣ дода мешавад.
Таъсиси стипендияи нави раиси Душанбе: Киҳо метавонанд онро соҳиб шаванд?
Ба ҷуз аз ҳавасмандгардонии молиявӣ, ба мутахассисони ҷавони боистеъдод шаҳодатномаҳои ғолибон дода мешаванд.
Қаблан Рустами Эмомалӣ, тасмим гирифта буд, ки барои ҷавонони фаъол стипендияи нави махсус таъсис дода шавад.
Зимнан зикр гардид, ки бо назардошти тавсияи хаттии директори муассисаи таълимӣ хонандагону донишҷӯёне, ки дар байни ҳамсинфону ҳамкурсон рафтори намунавӣ доранд, гирандагони он хоҳанд шуд.
Инчунин, ҷавононе, ки нишондиҳандаҳои хуби таълимӣ доранд, метавонанд мувофиқи шаҳодатномаи хаттӣ аз рӯи натиҷаҳои арзёбӣ дар соли ахир ба он умед банданд.
Онҳое, ки дар ҳаёти ҷамъиятии муассиса ва шаҳр фаъолона иштирок мекунанд, низ аз дастгирии шаҳрдор бархурдор мешаванд.