Волвач: Тақвияти ҳамкории Русияву Тоҷикистон идома хоҳад ёфт

Муовини вазири рушди иқтисоди Русия ахиран гуфт, ки ҳар ду кишвар равобити байни минтақаӣ, сохторҳои тиҷоратӣ ва мақомотро густариш медиҳанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 12 апр — Sputnik. Рушди ҳамкориҳои шарикии стратегии Русия ва Тоҷикистон идома хоҳанд ёфт, гуфт дар ин бораи муовини вазири рушди иқтисоди Русия Дмитрий Волвач дар ҷаласаи Комиссияи байнипарлумонии Шӯрои Федератсия ва Маҷлиси Олии Тоҷикистон.
Ба гуфтаи вай, сол то сол кори муштараки ду кишвар ҷолибтар ва ғанитар мешавад, ки ин имкон медиҳад равобити минтақаҳо, сохторҳои тиҷоратӣ ва мақомотро густариш диҳад.
Волвач кайд кард, ки маҳз ҳамкории байниминтақавй, асоси ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ мебошад: 70 вилояти Русия бо Точикистон алоқаи бевосита барқарор намудаанд.
"Қарорҳое, ки равобити иқтисодӣ, фарҳангӣ ва дӯстонаро таҳким мебахшанд, дар сатҳи олӣ ташаббус ва дастгирӣ мешаванд. Боварӣ дорам, ки шарикии стратегии кишварҳои мо минбаъд низ ба фаъолона рушд хоҳанд кард", - хулоса кард Дмитрий Волвач.
Аҳмадзода хостори се баробар афзоиш додани гардиши мол миёни Русия ва Тоҷикистон шуд
Ёдовар мешавем, ки дар ҷаласаи Комиссияи байнипарлумонӣ муовини раиси аввали палатаи болоии Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзода гуфта буд, ки Русия ва Тоҷикистон қодиранд ҳаҷми табодули колоро се баробар афзоиш диҳанд.
Тавре оқои Аҳмадзода қайд кард, равобити кишварҳо дар асоси баланди эътимод, дастгирии пайвастаи ҳамдигар ва дӯстӣ ташаккул ёфтаанд.