ДУШАНБЕ, 12 апр — Sputnik. Дар ҷаласаи вобаста ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии ВМКБ дар се моҳи соли 2023 дар бораи ба паси сар намудани фасли зимистон ва рух додани ҳолатҳои фавкулода дар минтака ибрози назар карда шуд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти мақомоти ВМКБ.
Ба иттилои манбаъ, дар ин ҷаласа таъкид гардид, ки дар маҷмуъ дар ҳудуди ВМКБ давоми се моҳи соли 2023 беш аз 258 ҳодисаи табиӣ ба қайд гирифта шудааст.
“Ҳодисаҳои табиӣ ба хоҷагии халқи вилоят хисороти калон ба маблаги 15,8 млн сомонӣ расонидааст”, - қайд кардааст манбаъ.
Ҳамзамон ба иттилои мақомоти ВМКБ дар натиҷаи офати табии дар ҳудуди вилоят 73 хонаи истиқомати хароб гардиданд, ки аз онҳо 16 хона пурра ва 19 хона қисман осеб диданд.
Ёдовар мешавем, ки аз 15 то 19 феврал дар қаламрави ҷумҳурӣ 200 тарма, 7 ярч ва 6 ҳолати резиши санг ба қайд гирифта шудааст.
Бар асари офати табиӣ 19 шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳалокат расиданд, ки аксари қурбониёнро сокинони ВМКБ ташкил доданд. Зимнан, манзилу иншоотҳои зиёд хароб гардиданд, ки дар натиҷа сокинони зиёд бе хонаву дар монданд.
Қаблан хабар дода шуд, ки пардохти кумакҳои изтирории раисиҷумҳур ба хонаводаҳои осебдидаи тарма дар Хоруғ шурӯъ шуд.