ДУШАНБЕ, 12 апр — Sputnik. Соҳаи мушакӣ ва кайҳонӣ зина ба зина иқтидори худро афзун намуда, дар таърихи навтарин аллакай паиҳам 100 парвози бесадамаи мушакҳоро амалӣ кард, гуфт ахиран президенти Русия Владимир Путин.
“Боиси хушнудист, ки бахши кайҳонӣ ва мушаксозии мо зина ба зина иқтидори худро афзоиш медиҳад,”-гуфт Путин дар тантана бахшида ба Рӯзи кайҳонавардон дар Кремл.
“Имрӯзро мо бо Юрий Иванович (Борисов, роҳбари "Роскосмос") қайд намудем, худоро шукр, ки бори аввал дар таърихи муосир сад парвози пайдарҳами кайҳонии бесадама анҷом дода шуд. Бешубҳа, ин хеле нишондиҳандаи хуби он аст, ки соҳа устувор шудааст”, - илова кард президент.
Инчунин кишвардори Русия гуфт, ки барои иқтисоди миллӣ зарур аст, низомҳои кайҳонии худмухторро созем.
Раҳбари Русия Владимир Путин дар бораи зарурияти бунёди низомҳои кайҳонии худмухтор, ва ҳам бобати гузариш ба истеҳсоли маҳсулот бо назардошти манфиатҳои иқтисоди миллӣ таъкид кард.
“Зарур аст, ки барои манфиати иқтисоди миллӣ тезтар ба истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазири замонавӣ гузарем ”,-гуфт Путин дар тантанаи ба муносибати Рӯзи кайҳонавардон дар Кремл.
Ба гуфти ӯ, ба Русия бешубҳа, “бунёди низомҳои худмухтори замонавии кайҳонӣ ва қисматҳои пойгоҳҳои замонавии насли нав зарур аст”.