ДУШАНБЕ, 12 апр — Sputnik. Дар ҳар як шаҳру навоии ВМКБ бояд корхонаҳои санаотии ҳатмӣ ба монанди корхонаи колинбофӣ, хунарҳои мардумӣ, корхонаи коркарди пашм ва гиёҳои шифобахш, сардхонаву корхонаи истеҳсоли шир ва заргари ва ғайра таъсис дода шаванд.
Гуфт дар ин бора раиси вилоят Алишер Мирзонабот зимни ҷаласаи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии вилоят дар се моҳи соли 2023.
Ба гуфтаи раиси ВМКБ ба ин васила аҳолии маҳалӣ бо ҷои кори таъмин шуда, сатҳу сифати зиндагии онҳо ба тадриҷ баланд бардошта хоҳад шуд.
Таъкид шудааст, ки дар ин ҷаласа оқои Мирзонабот барои расидан ба яке аз ҳадафҳои ҳукумати кишвар расидан ба саноатикунонии босуръати Тоҷикистон ва бундёи корхонаҳои ҳатмӣ дар ҳудуди шаҳру навоии ВМКБ таъкид кард.
Ҳамзамон раиси вилоят дар ин ҷаласа ба рушди соҳаисоҳибкорӣ ва сармоягузорӣ дар вилоят ва дастовардҳои соҳа таваҷҷуҳи махсус равона намуд.
Вай қайд кард, ки дар ҳоли ҳозир дар ҳудуди вилоят 16 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи наздик ба 87 млн доллар амалӣ гардидааст.
Инчунин дар давраи ҳисоботӣ аз тарафи бонкҳо ва ташкилотҳои қарзии кишвар маблағи 158,8 млн сомонӣ қарзҳо дода шуданд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 ба маблағи 21 млн сомонӣ ё 15,2% зиёд гардидааст.
Инчунин бақияи амонатҳои шахсони воқеӣ 378 млн сомониро ташкил намуд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 2,2 фоиз афзоиш ёфтааст.