ДУШАНБЕ, 12 апр — Sputnik. Дар ноҳияи Кӯшониён бештар аз 178 километр роҳҳои аҳамияти маҳалидошта мавҷуданд, ки 60 дарсади онҳо ба таъмир ниёз доранд, хабар медиҳад “Фараж”.
Ин ниҳод аз қавли Фаридун Қодиров,сармуҳандиси Муассисаи давлатии нигаҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия менависад, ки аз ҳама беш роҳи ҷамоатҳои Бохтариён, Бӯстонқалъа, Навбаҳор ва Меҳнатобод таъмирталабанд.
Манбаъ афзуд, ки дар баробари роҳ ҳамчунин 40 адад пулҳои мошингузар низ бояд таъмир шаванд. Ҷамъан дар ин ноҳия 80 пули мошингузар мавҷуд аст.
Сардори муассисаи мазкур тавзеҳ дод, ки соли равон аз ҳисоби буҷаи ноҳия барои таъмир намудани роҳҳои аҳамияти маҳаллидошта 400 ҳазор сомонӣ ба нақша гирифта шудааст, ки дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ 60 ҳазор ҷудо карда шудааст.
Бо вуҷуди ин Қодиров мегӯяд, маблағҳои ҷудогардида аз ҳисоби буҷаи ноҳия барои пурра тахмир кардани пулу роҳҳо басанда нест.
Маврид ба зикр аст, ки дар Тоҷикистон роҳҳои минтақаҳои кӯҳӣ бинобар боришоти борону барф ва омадани селу тарма ҳамасола тахриб мешаванд.
Махсусан, дар роҳҳои минтақаи Хатлон сангрезию селоӣ зиёд сурат мегирад ва бинобар ин роҳҳо ин минтақа пайваста ба таъмир ниёз доранд.
Чанде пеш Вазорати нақлиёт ва ширкати Чинии "China Road and Bridge Corporation" дар доираи марҳилаи Чоруми лоиҳаи "Беҳтар намудани роҳҳои алоқаи минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ, (БРАМОМ-4)" қарордод имзо расидааст.
Дар доираи лоиҳаи мазкур дар ВМКБ бо харҷи 31,2 млн доллар роҳҳо таъмир гардида, ҳамчунин пулҳои нав бунёд мешаванд.