Коҳиши рубл ва болоравии доллару евро: қурби асъор дар Тоҷикистон

Дар бозори арзи Тоҷикистон қурби пули миллӣ устувор мешавад. Рубл уфти бештар дошта, доллару евро низ коҳиш ёфтааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 12 апр — Sputnik. Қимати як ҳазор рубл дар Тоҷикистон 132 сомонӣ муқаррар шудааст, иттилоъ дод Бонки миллии ҷумҳурӣ. Ин нишондод поинтарин дар моҳҳои ахир арзёбӣ мегардад.
Бар асоси нишондодҳои нашркардаи БМТ, уфти нисбатан чашмрас сар аз оғози ҳафтаи қаблӣ ба қайд гирифта шудааст.
Дар зимн қимати пулҳои хориҷии дигар, аз ҷумла доллари ИМА андаке боло рафтааст
Ҳоло дар кишвар бар ивази ҳар доллар 10.9138 сомонӣ медиҳанд, вале ин нишондод нисбати ҳафтаи қаблӣ хеле кам аст, зеро очанд рӯз пеш доллар 10.9142 баробар буд.
Ғарбро бӯҳрони банкӣ фаро мегирад: Русия ба макони ором табдил меёбад
Асъори аврупоӣ низ майли баландшавӣ касб намуда, ҳоло ҳар евро 11.9080 сомонӣ нарх дорад.
БМТ ҳушдор додаст, ки берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст.
Таъкид шудааст, ки риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад.