ДУШАНБЕ, 12 апр — Sputnik. Дар шаҳри Душанбе Фестивали ҳунармандони Тоҷикистон ва намоиши ҳунарҳои мардумӣ таҳти унвони "Ҳунар беҳтар аз зар бувад" баргузор мешавад, иттилоъ додааст шаҳрдории Душанбе.
Тибқи иттилои манбаъ, қарори дахлдори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба имзо расидааст.
“Нақшаи чорабиниҳо оид ба омодагӣ ва баргузории даври дуюми Фестивали ҳунармандони Тоҷикистон ва намоиши ҳунарҳои мардумӣ таҳти унвони "Ҳунар беҳтар аз зар бувад" тасдиқ гардид”, - таъкид кардааст шаҳрдорӣ
Таъкид шудааст, ки фесивал бо мақсади иҷрои Нақшаи баргузории фестивал, намоиш, ид, озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ ва ҷашну солгардҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023, ки бо Амри Президенти Тоҷикистон аз 3 январи соли 2023 тасдиқ гардидааст, ба роҳ монда мешавад.
Тибқи қарори мазкур, раиси шаҳри Душанбе масъулинро вазифадор намуданд, ки ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилӣ ва ғоявӣ баргузор кардани Фестивали ҳунарҳои мардумӣ таҳти унвони "Ҳунар беҳтар аз зар бувад" тадбирҳои дахлдор андешанд.