ДУШАНБЕ, 11 апр — Sputnik. Дар Камчатка вулқони Шивелучу деҳаи Ключиро, ки дар 50 километрии маркази он воқеъ аст, қабати рекордии хокистарро фаро гирифт.
Ғайр аз ин, якчанд деҳаҳои вилояти Уст-Камчатск хокистанборон шуданд. Ҷӯшу фаввора задани вулқон шаби 11 апрел рух дод.
Абри хокистаре, ки дар натиҷаи таркиши вулқон ба вуҷуд омад, ба масофаи 500 километр ба шимолу ғарб паҳн шуда, ҳамоно масофаи бештарро фаро мегирад.
Баландии қабати хокистари вулқон қариб 8,5 сантиметр буда, дар баъзе ҷойҳо ба шакли лой ҷорӣ мешавад.
Аз маълумоти Пажуҳишгоҳи вулқоншиносӣ ва сейсмологияи бахши Шарқи Дури Академияи илмҳои Русия бармеояд, ки ин қавитарин вулқони хокистарӣ дар маҳаллаи зикршуда дар давоми 60 соли охир мебошад.
"Фарзиши чунин миқдори назарраси хокистар дар Ключи, наздиктарин шаҳраки Шивелуч бори охир соли 1964 сабт шуда буд", - омадааст дар гузориш.
Ба вулқон аллакай дараҷаи баландтарин - рамзи хатари "сурх" барои авиатсия дода шудааст.
Наҷотдиҳандагон бо як баста ниқобҳои муҳофизатӣ барои аҳолӣ ба деҳа рафтанд, зеро дар ҳаво миқдори зиёди сулфур ва пайвастагиҳои он мавҷуд аст ва ҳангоми нафаскашӣ ин якҷоя бо чанг ба шуш ва меъда дохил мешавад.
Аз сабаби хокистарбориш ин дафъа мардум ҳатто натавонистанд субҳидамро пешвоз гиранд. Ҳама чиз дар абри хокистарӣ печида буд. Офтоб дида намешавад. Ҳамчунин, ҳодисаи фавқулоддаи табиӣ боиси қатъи барқ дар деҳаи Майское Козиревск гардид.
Дар ҳамин ҳол ба сокинони ин минтақа тавсия дода мешавад, ки бе зарурат хонаҳои худро тарк накунанд, зеро абри хатарнок пароканда намешавад.
Дар навоҳие, ки аз офати табиӣ зарар дидаанд, мактабҳо баста шуда, ҳаракати нақлиёт қатъ гардид.
Ба гуфтаи олимон, ҷараёнҳои вулқонӣ метавонанд то 20 километрро тай кунанд ва чунин афтидани хокистар ҳатто ба қисми марказии Камчатка мерасад.
Ҳамчунин, ба гуфтаи дафтари матбуоти ҳавзаи низомии шарқии флоти Уқёнуси Ором, омодагии шадиди тӯфонӣ дар Камчатка ва ҷазираҳои Курил эълом шудааст.