ДУШАНБЕ, 10 апр — Sputnik. Дар баёнияи Вазорати дифоъ омадааст, ки таърихи ахиран дар натиҷаи музокирот 106 асирони низомии рус аз қаламрави таҳти кантроли режими Киев баргаштанд.
Вазорати дифои Русия таъкид кардааст, ки дар ҳоли ҳозир, асироне, ки дар хатари марг қарор доштанд, ба хона баргаштанд.
Ҳавопаймоҳои мусофиркаши вазорати дифои Русия сарбозони озодшударо барои табобат ба Маскав таҳвил хоҳанд дод.
Акнун ба ҳамаи нафарони ниёз ба кумакҳои тиббӣ ва равонии доранд, дастрас хоҳд буд.
Ёдовар мешавем, ки охирин табодули асирон байни Маскаву Киев 7 марти соли равон сурат гирифта буд. Сипас вазорати дифои Русия аз озодии 90 низомӣ хабар дода буд.
Ёдовар мешавем, ки 24 феврали соли 2022 Федератсияи Русия дар Украина амалиёти вижаи низомиро оғоз кард.
Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли 8 сол таҳти таҳқиру генотсид аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд." Илова бар ин, вазифаҳои эълоншудаи амалиёти вижаи низомӣ инчунин аз нозизудоӣ ва ғайринизомисозии Украина иборатанд.