Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Пригожин гуфт, Украина барои ҳамлаи ҷавобӣ чӣ қадар сарбоз ҷамъ намудааст

Ба гуфтаи ӯ, украинҳо пас аз хушк шудани хок ва эҳтимолан пас аз интиқоли дастаҳои изофии силоҳ ба ҳамлаи ҷавобӣ шурӯъ мекунанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 10 апр — Sputnik. Украина барои ҳамлаи ҷавобӣ аз 200 то 400 ҳазор нафар омода кардааст. Дар ин бора асосгузори гурӯҳи "Вагнер" Евгений Пригожин дар мулоқот бо ҷунбиши "Кибер Фронт Z" изҳор доштааст.
"Онҳо тақрибан 200 нафар, тибқи баъзе манбаъҳо - то 400 ҳазор нафар ҷамъоварӣ кардаанд, инро наметавон кам арзёбӣ кард", - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи Пригожин, украиниҳо пас аз хушк шудани замин ба ҳамлаи ҷавобӣ шурӯъ мекунанд ва шояд онҳо то ҳол мунтазири интиқоли силоҳ бошанд.
Ба гузориши РИА Новости, қаблан рӯзномаи New York Times бо такя ба асноди махфии Амрико дар бораи Украина, ки дар интернет паҳн шудааст, иддао карда буд, ки мақомоти Киев маҷбур шуданд беҳтарин сарбозони худро, ки аз онҳо дар ҳамлаи ҷавобӣ умеди зиёд доштанд, ба Артемовск интиқол доданд ва ин ин боиси "хароҷоти стратегӣ" барои кишвар гардид.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Ҳамлаи маргбори ҳавопаймоҳои Русия ва системаи "Солнсепёк" ба мавқеъҳои Украина
Тавре хабаргузориҳои хориҷӣ иттилоъ доданд, Киев ҳашт бригадаи ҳамлагари ба истилоҳ "гвардияи ҳамлавар"-ро таълим додааст. Вазири дифоъи Украина Олексий Резников дар мусоҳиба бо рӯзномаи Wyborcza гуфт, ки ҳамлаи ҷавобӣ метавонад пас аз бещ шудани вазъи ҳаво ва хуб гардидани ҳолати роҳҳо оғоз шавад.
Коршиносони Киев ва сиёсатмадорони низомии ғарбӣ борҳо минтақаи Запорожеро яке аз самтҳои зарбазанӣ барои расидан ба соҳили баҳри Азов ва буридани долони заминӣ ба Қрим номидаанд.
Дар навбати худ, дар ин минтақа мисли дигар субъектҳои нави Русия гуфтанд, ки ба ҳар гуна иқдоми нерӯҳои мусаллаҳи Украина омодагӣ дидаанд.