Аксари амрикоиҳо мухолифи интихоби дубораи Байден ҳастанд

Ҳатто Трамп дар давраи раёсати ҷумҳурии худ ба мисли раҳбари кунунӣ рейтинги паст надошт. Бо вуҷуди ин Байден борҳо аз иштирок дар интихобот таъкид кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 10 апр — Sputnik. Бар асоси як назарсанҷии CNN, танҳо сеяки амрикоиҳо бар ин боваранд, ки Ҷо Байден, раисиҷумҳури Амрико, сазовори дубора интихоб шудан аст.
Бар асоси ин назарсанҷӣ, танҳо 32 дарсади пурсидашудагон посух додаанд, ки раиси ҷумҳури феълӣ сазовори як давраи дигар дар курсии раёсати ҷумҳурӣ аст.
Дар муқоиса бо моҳи декабри соли 2022 ин рақам 5% коҳиш ёфтааст.
Зимнан 67% пурсидашудаҳо қатъиян мухолифи интихоб шудани Байден ба даври дигари роҳбарии Амрико овоз доданд.
Бо вуҷуди ин, куҳансолтарин раисиҷумҳури феълӣ борҳо эълом кардааст, ки дар интихоботи соли 2024, ки 82-сола мешавад, ширкат хоҳад кард.
Дар Амрико ба далели ҷиноятҳои ҷангӣ дар Украина истеъфои Байденро талаб доранд
Алоҳида қайд карда мешавад, ки ҳатто Доналд Трамп дар давраи раёсати ҷумҳурии худ чунин рейтинги паст надошт - дар маводи пурсиш шохиси маъруфияти ӯ 36% нишон медиҳад.
Қаблан нашрияи Newsweek дар бораи афзояндаи ризоияти амали Владимир Путин дар миёни амрикоиҳо навишта буд.
Тибқи назарсанҷӣ, маъруфияти раҳбари Русия дар байни шаҳрвандони ИМА дар семоҳаи аввали соли 2023, 21% -ро ташкил медиҳад.
Ҳамзамон қайд карда мешавад, ки дар соли 2021 рейтинги ӯ дар сатҳи 15% буд, аммо пас аз оғози амалиёти вижаи низомӣ дар Украина он ба афзоиш шурӯъ кард.