Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Нерӯҳои Русия ду гурӯҳи тахрибкори артиши Украинаро дар вилояти Харков нобуд карданд

Нерӯҳои артиши Украина,ки дар самти Купянск нақшаи ҳамла мекашиданд, ба вокуниши шадиди қувваҳои мусаллаҳи артиши Русия мувоҷеҳ шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 9 апр — Sputnik. Сарбозони русии гурӯҳи нерӯҳои "Ғарбӣ" ду гурӯҳи тахрибкор ва иктишофии нерӯҳои Украинаро дар самти Купянск нобуд кардаанд.
Дар ин бора ба хабаргузории РИА Новости Сергей Зибинский, раҳбари маркази матбуотии гурӯҳи "Ғарбӣ" хабар дод.
"Дар давоми рӯз дар самти Купянск хизматчиёни ҳарбии гурӯҳи қувваҳои "Запад" ду гурӯҳи диверсантӣ ва разведкавии душманро аз бригадаи механиконидашудаи 14-уми алоҳида ва бригадаи мудофиаи 103-юми алоҳидаи минтақавӣ кушода ва несту нобуд кард",- афзудааст вай.
Инчунин бо оташандозии тупхонаӣ се кӯшиши чархиши воҳидҳои мусаллаҳи украиниро дар сафи пеш дар маҳалҳои аҳолинишини Тимковка, Котляровка, Масютовка пешгирӣ кардаанд.
Ҳайатҳои пойгоҳҳои мушакии "Бук" ва "Тор" дар наздикии шаҳракҳои Владимировка, Стелмаховка ва Олшана чор паҳбодҳои "Фурия", "Валкирия", "Элф", "Лелека-100".-и душманро нобуд карданд.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Ба Зеленский тавсия дода шуд, ки ҳамлаи ҷавобиро фаромӯш кардаву гурезад
"Дар ҷараёни оташкушоии тупхонаӣ дар маҳаллаи шаҳраки Волчанские Хутор ҳайати гаубитсаи 2А65 "Мста-Б" таҳти фармондеҳии аскари қаторӣ Александр Красюк аслиҳаи "Д-30"-и душманро несту нобуд кард",- гуфт Зибинский.
Ёдовар мешавем, ки Русия рӯзи 24 феврал дар Украина амалиёти вижаро оғоз кард. Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина" ва ба ҷавобгарӣ кашидани тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс сурат бигирад.