Дар ҷаҳон нархи маводи ғизоӣ ва нуриҳои минералӣ чӣ қадар боло рафт - маълумоти СҶТ

Болоравии нархи озуқаворӣ бояд боиси зиёд шудани истеҳсоли маҳсулоти хоҷагии қишлоқ гардад, ки ин сабаби беҳ шудани дастрасии озуқа ва коҳиши нарх мешавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 9 апр — Sputnik. Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат маълум кард, ки нархи ғизо ва нуриҳои минералӣ дар соли 2022 чӣ қадар боло рафтааст.
"Нархи маводи ғизоӣ аз моҳи январ то май 19% боло рафт ва баъдан аз моҳи май то декабр 15% поин рафт. Дар тӯли сол нархи маводи ғизоӣ аз соли 2021 18%, аз ҷумла арзиши ғалла 21% боло рафт",- гуфта мешавад дар гузориши СҶТ.
Дар ҳамин ҳол, ба таъкиди созмон, нархи нуриҳо аз ҳама зиёд гарон шуда, дар муқоиса бо соли 2021 63% афзоиш ёфт.
Ба таъкиди гузоришгарон, афзоиши арзиши озуқа бояд афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзиро ҳавасманд кунад. Ин дар навбати худ боиси афзудани дастрасии озуқаворӣ ва арзон шудани нарх мегардад.
СММ аз кишварҳо даъват намуд, ки дастрасии бозорро ба нуриҳои Русия таъмин кунанд
"Аз тарафи дигар, коҳиши майдони замини корам ва қимати баланди нуриҳо метавонад боиси коҳиши ҳосил ва болоравии нархҳо гардад", - қайд мекунад СҶТ.
Қабалан гуфта мешуд, ки манъи содироти нуриҳои минералии Русия ба бозори ҷаҳонӣ сабаби гаронии он шудааст.
Ахиран СММ низ дархост карда буд, ки ба фуруши ин маҳсулоти Русия иҷоза диҳанд то вазъи дастрасӣ ба ғизо дар ҷаҳон вазнин нагардад.