ДУШАНБЕ, 8 апр — Sputnik. Бино ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳои ғарбии вилоят борони кӯтоҳмуддат ба амал омада, дар шарқи вилоят ҳавои бебориш дар назар аст.
Ҳаво дар ғарби вилоят шабона то 6 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона аз 9 то 14 дараҷа хунук ва рӯзона то 6 дараҷа гарм пешгӯӣ мегардад.
Дар вилояти Суғд ҳам ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат ба амал меояд.
Ҳаво дар водиҳо шабона то 13 дараҷа гарм ва рӯзона то 25 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм ва рӯзона то 13 дараҷа гарм дар назар дошта шудааст.
Дар вилояти Хатлон низ ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ карда мешавад. Ҳаво дар водиҳо шабона то 15 ва рӯзона то 29 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона то 10 дараҷа гарм ва рӯзона то 21 дараҷа гарм мешавад.
Дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ борони кӯтоҳмуддат ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона то 14 ва рӯзона аз 21 то 26 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона то 8 дараҷа гарм ва рӯзона то 18 дараҷа гарм мешавад.
Дар Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Ҳаво шабона то 14 ва рӯзона аз 23 то 25 дараҷа гарм мешавад.