ДУШАНБЕ, 8 апр — Sputnik. Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ Каримҷон Файзизода хабар додааст, ки шахсони номаълум таҷҳизоти кории идора дуздидаанд, иттилоъ додааст сомонаи “Фараж”.
“Ман фавран тариқи мактуб ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия, баъдан шахсан ба Кумитаи иҷроияи ҳизби вилоят телефонӣ хабар додам. Аз ҷониби мақомоти милиса тафтишот идома дорад”, - гуфт ӯ.
Вай илова кард, ки то ҳол ҷиноят ошкор карда нашудааст. Таҷҳизоти кории дуздидашуда куҳна буданд ва ҳудуди 4 ҳазор сомонӣ арзиш доштанд.
"Ба идораи нави ҳизб моҳи сентябри соли гузашта кӯчидем ва то ҳануз бино дурбинҳои назоратӣ надошт”, – қайд кард раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ Файзизода.
Ба иттилои манбаъ, қаблан чунин дуздиҳо ашёҳо ва таҷҳизот аз идораҳои ҲХДТ дар навоҳии Ҷайҳун, Шаҳритус ва Кушониёни вилояти Хатлон ба қайд гирифта шудааст.
Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритус Ҳомидҳон Шаропов дуздии аз бинои ҳизбро дар ноҳия, дар тобистони соли гузашта, тасдиқ карда гуфт, милиса аз рӯи сабти дурбинҳои назоратии бино дуздро муайян ва дастгир карда, таҷҳизоти дуздидашуда ба онҳо баргардонида шудаанд.