Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Артиши Русия ба минтақаи нигаҳдории техникаҳои ҷангии нерӯҳои Украина зарба зад

Вазорати дифои Русия мегӯяд, ки баъд аз зарбаҳои артиш то 20 сарбози нерӯҳои украинӣ дар минтақаи Купянски Украина кушта шуданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 8 апр — Sputnik. Артиши Русия дар хати ҷабҳаи Купянск ба минтақаи захираи аслиҳа ва ҷамъоварии таҷҳизоти низомии нерӯҳои артиши Украина ҳамла кард, иттилоъ дод раиси маркази матбуотии гурӯҳи Ғарб, полковник Сергей Зибинский.
"Дар самти Купянск дар минтақаи аҳолинишини Богуславка тӯхонаӣ гурӯҳи Ғарб бо рокетандози чандгонаи “Ураган” ҳамлаи гурӯҳиро анҷом дод. “Торнадо-С” таҳти фармондеҳии лейтенант Сергей Грибанов ба минтақаи ҷамъоварии аслиҳа ва техникаи артиши Украина", - гуфт ӯ.
Нерӯҳои мусаллаҳи Украина то 20 сарбоз, панҷ техника, аз ҷумла як мошини боркаш бо лавозимоти ҷангиро аз даст доданд.
Медведев: ҳич кас ба Украина ниёз надорад, бинобарин нопадид хоҳад шуд
Оқои Зибинский афзуд, ки дар наздикии деҳаи Пешаное як ҷангандаи Су-35 бо мушаки идорашаванда таҷҳизоти сохти Амрикоро нобуд кардааст.
Ҳамчунин дар минтақаи деҳаи Берестовое системаи дифои ҳавоии "Тор" як паҳподи “Фуриа”-ро нобуд кард.
Ёдовар мешавем, ки 24 феврали соли 2022 Федератсияи Русия дар Украина амалиёти вижаи низомиро оғоз кард.
Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли 8 сол таҳти таҳқиру генотсид аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд." Илова бар ин, вазифаҳои эълоншудаи амалиёти вижаи низомӣ инчунин аз нозизудоӣ ва ғайринизомисозии Украина иборатанд.