ДУШАНБЕ, 7 апр — Sputnik. Машқҳои муштараки артишҳои Русия ва Тоҷикистон дар тамрингоҳи Ҳарб-Майдони вилояти Хатлон ба поён расиданд.
Дар ин бора вазорати дифоъи Русия хабар доданд.
Онҳо қайд карданд, ки дар марҳилаи ниҳоӣ нерӯҳои низомии ду кишвар баргузории амалиёти ҷангӣ ва махсус барои барқарор кардани сарҳади давлатиро анҷом доданд.
"Ҳангоми нақшаҳои тактикӣ аз тӯпи худгарди "Акасия" ва "Гвоздика", инчунин мушакандози чандгонаи "БМ-21 Град" ба таври васеъ истифода шуд", - таъкид кардааст вазорат.
Ба иттилои Вазорати дифои Русия, шумори умумии низомиёни ду кишвар беш аз 1,2 ҳазор нафар буд.
Инчунин, дар ин машқҳо беш аз 250 адад техникаҳои низомӣ ва махсус, аз ҷумла - ҳавопаймо ва паҳподҳои низомӣ истифода шуданд.
Дар маросими ҷамъбасти машқҳо, иштирокдорони фаъол бо тӯҳфаҳои арзишманд ва медалҳо “Барои таҳкими иттиҳоди ҷангӣ” қадрдонӣ шуданд.
Маросими ҷоизасупорӣ бо ҳузури генерал-майор Сергей Пименков, намояндаи Фармондеҳии ҳавзаи низомии марказӣ ва генерал-полковник Шералӣ Мирзо, вазири дифои Тоҷикистон баргузор шуд.
Ёдовар мешавем, ки машқҳои низомии Русия ва Тоҷикистон дар тамрингоҳи кӯҳиву биёбонии Ҳарб-Майдон, воқеъ дар вилояти Хатлони кишвар аз 3-юм то 7-уми апрели соли 2023, дар 20-километрии марзи Афғонистон баргузор шуданд.
Асоси нерӯҳои низомии Русияро воҳидҳои пойгоҳи 201-уми Русия бо теъдоди умумии беш аз 300 нафар ташкил медоданд.
Ҳамин тариқ, Пойгоҳи низомии 201-и дар Тоҷикистон- мустақар дар Душанбе ва Бохтар - бузургтарин иншооти низомии Русия дар берун аз марзи он ба шумор меравад.