Ҳайати фарҳангу санъати Туркманистон ба Душанбе омад

Ҳайати фарҳангу санъати Туркманистон барои иштирок дар барномаи фарҳангии “Шоми дӯстӣ”" ва баргузории консерт дар вилояти Хатлон ба Тоҷикистон омаданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 7 апр — Sputnik. Бо мақсади иштирок дар барномаи фарҳангии "Шоми дӯстӣ" ба муносибати сафари давлатии президенти Туркманистон ба Тоҷикистон ва баргузор намудани барномаи консертӣ дар ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон як гурӯҳ намояндагони фарҳангу санъати Туркманистон ба Душанбе омад.
Дар ин бора Вазорати фарҳанги Тоҷикистон хабар додааст.
Манбаъ хабар додааст, ки аҳли фарҳанги Туркманистон аз боғи "Парчами миллӣ", Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва Кохи Наврӯз боздид намуда, барои худ таассуроти нек гирифтанд.
Ҳамзамон меҳмонон аз накҳати гулҳои рангорангу лолаҳои мавсимии хиёбону гулгаштҳои пойтахти Тоҷикистон дидан намуданд.
Сардор Бердимуҳаммадов ба Тоҷикистон меояд
Ёдовар мешавем, ки раисҷумҳури Туркманистон, Сардор Бердимуҳаммадов рӯзи 10 апрел вориди Душанбе мешавад.
Сафари расмии раҳбари Туркманистон ду рӯз идома хоҳад кард. Аз мавзуъҳои меҳварии ин боздид, баррасии масъалаҳои мубрами муносибатҳои дуҷониба дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, гуманитарӣ ва ғайра арзёбӣ мешавад.
Дар остонаи сафар, рӯзи 7 апрел дар Душанбе ҳамоиши тиҷоратии соҳибкорони ду кишвар баргузор мешавад, ки дар он имзои санадҳои дуҷониба дар бораи ҳамкориҳои доираҳои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ дар назар аст.