ДУШАНБЕ, 6 апр — Sputnik. Дар маркази шаҳри Иркутск қаҳвахонаи "Душанбе", воқеъ дар кӯчаи Партизанская, сӯхтааст, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Раёсати Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Русия дар минтақа.
Ба иттилои манбаъ, сӯхтор тахминан соати 02:00-и шаб дар як бинои якошёна рух дода, маълумот дар бораи ҳодиса фавран ба ин ниҳод расидааст.
Ҳангоми расидани чаҳор дастаи оташнишонӣ нуқтаи хӯроки умумӣ аллакай ба коми оташ рафта буд.
То омадани наҷотдиҳандагон ду нафар мустақилона наҷот ёфтаанд ва хушбахтона касе осеб надидааст.
"Оташ ба дӯкони ҳамсоя гузашта, ба биноҳои наздик хатар эҷод кардааст", - омадааст дар хабар.
Хомӯш кардани сӯхтор аз сабаби зиёд будани биноҳои ёрирасон дар гирду атроф мушкил буд. Илова бар ин, бино аз масолеҳе рӯпуш шуда буд, ки хуб месӯзад ва боиси оташи зиёд шуд.
Ҳамчунин наҷотдиҳандагон тавонистаанд якбора се бушкаи пропанро аз бино берун кунанд.
Гуфта мешавад, агар онҳо метаркиданд, он гоҳ масоҳати сӯхтор ва ҳаҷми хисорот боз ҳам бисёртар мегардид.
Ба гуфтаи хадамот, сӯхтор дар қаҳвахонаи "Душанбе" ба масоҳати 180 метри мураббаъ хисорот ворид карда, танҳо баъд аз як соати сар задан, хомӯш карда шуд.
Айни замон муфаттишон дар ҷои ҳодиса қарор дошта, сабабҳои ҳодисаро меомӯзанд. Кӣ маҳз соҳиби қаҳвахона аст, дақиқ нест.
Муайян кардани ҳолатҳои сӯхтор дар маркази Иркутскро додситонӣ низ назорат мекунад.