Акси “Нархи сулх дар Афгонистон”-и аксбардори даниягӣ Мадс Ниссен. Дар акс Халил Аҳмади 15-сола аст, ки волидайнаш барои аз гуруснагӣ намурдан ва сер кардани оила гурдаашро ба маблағи 3500 доллар фурӯхтаанд. Тиҷорати ғайриқонунии узвҳо дар Афғонистон рӯ ба афзоиш аст.
Дар ин аакс духтаре дар хиёбони Теҳрон бидуни ҳиҷоб аксбардорӣ шудааст. Дар Эрон пушидани ҳиҷоб ҳатмист. "Зан, ҳаёт, озодӣ", - мегӯяд Аҳмад Ҳалобисоз, муаллифи акс. Ёдовар мешавем, ки рӯзи 16 сентябри соли 2022 Маҳсо Амини ном зани 22-солаи эронӣ, ки гӯё ҳиҷоб мувофиқи стандартҳои давлатӣ напушида буд пас аз боздошти пулиси ахлоқи Эрон дар бемористон дар Теҳрон даргузашт.
Дар акс мардест, ки дар ҷараёни эътироз бар зидди барканории президент Мадуро дар Венесуэла аз ҷониби полис боздошт шудааст. Акси - Фабиола Ферреро.
Дар Акс ҷангҷӯёни муқовимат аз Нерӯҳои дифои мардумӣ пас аз задухӯрд бо низомиёни Мянмар ҷасади рафиқи кушташудаи худро дар бардошта, ақибнишинӣ мекунанд.
Акси “Обҳои шикаста”-и аксбардори арманӣ Ануш Бабаҷонян дар бораи фоҷиаи баҳри Арал нақл мекунад. Чунон ки дар тавсифи акс қайд карда мешавад, дар қаъри он ҷое, ки як вақтхо баҳри Арал буд, дар наздикии деҳаи моҳигири Акеспе гармчашма пайдо шуд, ки аксар вақт мардум бо мақсади табобатӣ мераванд. Солҳои охир баҳри Арал 90 дарсади обҳои худро аз даст додааст
Дар акс, коргарон оқибатҳои офати экологиро, ки дар натиҷаи резиши нафт дар як корхонаи коркарди нафт дар Плайя Каверои Перу ба вуҷуд омадааст, тоза мекунанд. Муаллиф Мусук Нолте.
Акси "Алпакерос" аз Алессандро Синке. Дар Андҳои Перу, алпакаҳо бо мушкилоти зинда мондан рӯбарӯ ҳастанд, зеро чарогоҳҳои табиӣ кам мешаванд ва пиряхҳо об мешаванд. Чаридан ва об нушидани хайвонот торафт душвор мегардад. Деҳқонон маҷбур мешаванд, ки ба куҳҳои баландтар кучанд ва ё тарзи ҳаёти худро иваз намоянд. Дар акс духтари деҳқони маҳаллӣ тасвир шудааст.
Маросими дафни Ширин Абуакле-и аксбардор Мэй Левин, Ассошиэйтед Пресс. Пулиси Исроил ҳангоми бурдани тобути рӯзноманигори маъруфи фаластинии “Ал-Ҷазира” Ширин Абу Акле бо азодорон даргир шудааст. Хабарнигор дар тӯли беш аз 25 сол даргириҳои Ховари Миёнаро инъикос мекард ва ҳангоми ҳамлаи низомии Исроил дар шаҳри Ҷенин кушта шудааст.
Занбӯрпарварон Алфредо, Убалдо ва Хосе қуттиҳои занбӯри асалро дар наздикии Венден дар биёбони Аризона, ИМА тоза мекунанд. Акс аз ҷониби Йонас Како, Олмон.
“Сафари Марям” аз ҷониби аксбардори Карлос Барриа, Reuters. Ҳангоми ворид шудан ба Иёлоти Муттаҳида аз Ҳондурас дар соли 2017, Мария Эрнандес ва ду духтари 8 ва 3-солааш боздошт шуданд. Марзбонон Марияро депорт карданд, аммо фарзандонаш дар ИМА боқӣ монданд. Дар аввал онҳо дар хонаи кӯдакон зиндагӣ мекарданд; баъдтар онҳо ба зиндагӣ бо писари калонии Мария, ки аллакай дар ИМА зиндагӣ мекард, кус бастанд. Дар соли 2022, Мария тавассути барномаи паноҳандагӣ баргашт ва бо оилааш дар Лос-Анҷелеси Калифорния пайваст.
"Марги миллат" аз ҷониби Кимберли Дела Круз аксбардорӣ шудааст. Ҳамсояҳо як ҷои ҷиноятро, ки дар Мандалуйонги Филиппин, 1 ноябри соли 2016 пас Мануэл Эвангелиста, Эдмар Велард, Пауло Туборо, Ҷенифер Дискаргар ва Каталино Алгелес аз ҷониби мардони ниқобпӯш, кушта шудани тафтиш мекунанд.
Сурати дигари Мадс Ниссен аз силсилаи "Баҳои сулҳ дар Афгонистон". Як зан ва кӯдакон дар назди як нонвойхона дар маркази шаҳри Кобул гадоӣ мекунанд.
Тасвири " обхезии Австралия" аз аксбардор Чад Аҷамиан. Обхезӣ дар лаби дарёи Ҳоксбери, ки як роҳи бузурги обӣ дар атрофи минтақаи Сидней аст.
"Заҳри зебо" аз ҷониби Кристофер Рогел Бланш, Мексика. Марде гулҳои худро бо намоиши онҳо дар мошини таваққуфшуда дар бозори гули Вилла Герреро мефурӯшад.
""Барои ман дарҳои баста нест" аз ҷониби Муҳаммад Маҳдӣ. Ин лоиҳаи веб таъсири болоравии сатҳи баҳрро ба аҳолии маҳаллии Ал-Макс, як деҳаи моҳидорӣ, воқеъ дар канори канали Маҳмудия дар Искандария, Миср меомӯзад.