Муҳоҷирон ба таври оммавӣ ба вилояти Свердловск бармегарданд

Омори нави минтақаӣ мизони афзоиши муҳоҷирати шаҳрвандони хориҷиро ба вилояти мазкур, нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 нишон медиҳад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 6 апр — Sputnik. Муҳоҷирон пас аз як сол ба таври оммавӣ ба вилояти Свердловск бармегарданд. Чунин нишондод аз гузориши Свердловскстат бармеояд.
Аз аввали соли 2023 ба ин минтақа теъдоди шаҳрвандони хориҷӣ аз кишварҳои ҳамсоя рӯ ба афзоиш ниҳодааст.
Дар муқоиса бо моҳи январи соли 2022 афзоиши муҳоҷират 213 нафарро ташкил додааст.
"Дар моҳи январи соли 2023 ба вилоят 5683 нафар омада, 5470 нафар рафтанд. Афзоиши муҳоҷират 213 нафарро ташкил дод", - омадааст дар санад.
Дар ҳамин ҳол, дар моҳи январи соли 2022 ба вилояти Свердловск 6457 нафар омада ва 6919 нафар рафтанд – камшавӣ бошад, 462 нафарро ташкил медиҳад.
Шаҳодатномаи ронандагӣ барои муҳоҷирон: чӣ гуна дар Русия онро метавон гирифт - видео
Қаблан сардори Сарраёсати вилоятии Вазорати корҳои дохилӣ Александр Мешков гуфта буд, ки дар соли 2022 шумораи муҳоҷирони ғайриқонунӣ дар минтақа қариб 25% афзоиш ёфтааст.
Ба гуфтаи ӯ ин нишондод назар ба соли 2021 қариб чоряк баробар бештар аст.
Бояд гуфт, ки имрузҳо дар вилоят талабот ба кормандони соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ зиёд шудааст.