ДУШАНБЕ, 6 апр — Sputnik. Дар ноҳия Ашт имрӯзҳо сохтмони корхонаҳои нави саноатӣ идома дорад, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд.
Ба иттилои манбаъ, ахиран корхонаи ҷӯроббофӣ дар Ҷамоати деҳоти Шодоба мавриди истифода қарор гирифт.
Корхонаи мазкур аз тарафи ассотсиатсияи ҶДММ “Саноати Ашт” бо иқтидори истеҳсоли то 30 ҳазор ҷуфт ҷӯроб ба истифода дода шуда, дастгоҳҳои зарурӣ васлу насб гардидааст.
Манбаъ иттилоъ додааст, ки арзиши лоиҳавии корхона беш аз 900 ҳазор доллари ИМА буда, баробари мавриди баҳрабрадорӣ қарор гирифтани он то 150 нафар сокинони маҳаллӣ бо кори доимӣ таъмин мегарданд.
Таъкид шудааст, ки айни замон корхона ба таври таҷрибавӣ фаъол гардида, аз ҷониби мутахассисон ба коргарон тарзу усулҳои кор бо таҷҳизор омӯзонида шуда истодааст.
Ҳамзамон иттилоъ дода шудааст, ки дар ҳамин мавзеъ бунёди корхонаи истеҳсолии ресандагӣ низ идома дошта, он бо харҷи 6 млн доллар бунёд ёфта, иқтидори истеҳсолиаш 15 тонна нахи пахта дар як шабонарӯз мебошад.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни боздид аз ин корхонаҳо, бунёди корхонаҳоро муҳим арзёбӣ кард ва изҳор дошт, ки бо зиёд шудани корхонаҳо иқтисодиёти ноҳия пешрафт хоҳад кард.
Вай афзуд корхонаҳо ба коркарди ниҳоӣ расонидани пахта дар таъмин намудани шаҳрвандон бо ҷойи корӣ мусоидат менамояд.