Аз транзит то коркарди конҳои нафту газ: Раҳмон гуфт бо Алиев дар бораи чӣ суҳбат кард

Раисҷумҳури Тоҷикистон дар Душанбе дар зимни мулоқот бо ҳамтои озарбойҷониаш ҳамёрии тиҷоратию иқтисодиро муфассал баррасӣ намуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 5 апр — Sputnik. Ба гуфтаи раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷонибҳо зимни мулоқот розӣ шуданд, ки ҳаҷми муомилоти мол байни ду кишвар ба имконоти тарафҳо мувофиқ нест, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раисҷумҳури кишвар.
Кишвардори Тоҷикистон қайд кардааст, ки дар гуфтугӯ бо Илҳом Алиев, раҳбари Озарбойҷон самтҳои ҳамкорӣ дар бахшҳои сармоягузорӣ, кооператсияи саноатӣ, кишоварзӣ, нақлиёт ва маҷмуи сӯзишворӣ-энергетикӣ алоҳида таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд.
Вай гуфт, дар соҳаи кооператсияи саноатӣ имкони татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар саноати сабук, кимиё ва маъдан, истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, коркарди алюминий, нахи пахта, сангҳои қиматбаҳо ва нимқиматбаҳо ва металлҳо таъкид гардид.
Ҳамзамон Эмомалӣ Раҳмон қайд кард, ки дар соҳаи энергетика Тоҷикистон ҳавасмандии ширкатҳои Озарбойҷонро дар коркарди конҳои нафту гази кишвар мебинад.
Аз мубориза бо пулшӯӣ то рушди сайёҳию бародарӣ: имзои санадҳо дар ҳузури Раҳмону Алиев
Инчунин кишвардори Тоҷикистон қайд кард, ки ҷумҳурӣ минбаъд низ аз имконоти транзитии муносиби Озарбойҷон фаъолона истифода намуда, ҳаҷми интиқоли борҳои сохторҳои давлатӣ ва тиҷоратии кишварро афзоиш хоҳад дод.
Раҳбари Тоҷикистон дар нишасти матбуотӣ зикр кард, ки дар музокирот самти башардӯстонаи муносибатҳои ду кишвар мавқеи муҳимро ишғол намуданд.
“Тоҷикистон бори дигар омодагии тарафайнро ба густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои маориф, илм ва фарҳанг тасдиқ намудем”, - гуфт Эмомалӣ Раҳмон.
Инчунин кишвардори Тоҷикистон қайд кард, ки дар музокирот бо Илҳом Алиев доир ба тамоми маҷмӯи масъалахои муҳими дорои хусусияти минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули афкор сурат гирифт.
“Мо аҳамияти ҳамкории минбаъдаро дар майдонҳои созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ таъкид намудем. Мо ба мувофиқа расидем, ки таҷрибаи дастгирии мутақобилаи номзадҳо ва ташаббусҳои ҳамдигарро дар майдонҳои бисёрҷониба, пеш аз ҳама, дар СММ идома диҳем”, - илова кард Эмомалӣ Раҳмон.