ДУШАНБЕ, 5 апр — Sputnik. Музокироти расмии Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва Илҳом Алиев, президенти Озарбойҷон дар Душанбе оғоз шуд.
Ба иттилои хабарнигори Sputnik Тоҷикистон, музокироти роҳбарони ду давлат дар Қасри миллати пойтахти кишвар ҷараён дорад.
Илҳом Алиев пеш аз музокирот ба рӯзноманигорон гуфт, ки аз боздиди Точикистони бародару дӯст хеле хушҳол аст.
"Мо дар бисёр бахшҳо ва минбарҳои байналмилалӣ ва дар чаҳорчӯби сохторҳои байналмилалӣ ҳамкорӣ дорем. Албатта, дурнамои амиқтар кардани ҳамкорӣ дар шакли дуҷониба вуҷуд дорад", - гуфт ӯ.
Маълум аст, ки дар пайи натоиҷи музокирот имзои як қатор санадҳои ҳамкорӣ дар назар аст.
Ёдовар мешавем, раисиҷумҳури Озарбойҷон Алиев рӯзи 5 апрел бо як сафари расмӣ вориди шаҳри Душанбе шуд. Кишвардори Озарбойҷон нахустин сафари худро ба Тоҷикистон моҳи октябри соли 2007 анҷом дода буд.