Алиев раҳбари комиссияи байниҳукуматии Озарбойҷону Тоҷикистонро иваз кард

Илҳом Алиев ҳамраиси Озарбойҷонро дар комиссияи муштараки байниҳукуматӣ бо Тоҷикистон дар умури ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ иваз намуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 5 апр — Sputnik. Раисиҷумҳури Озарбойҷон Илҳом Алиев бо фармони худ дар ҳайати Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ бо Тоҷикистон тағйирот ворид кард.
Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ масъалаҳои ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодии ду давлатро баррасӣ мекунад.
Фармони дахлдор дар сомонаи раҳбари Озарбойҷон нашр шудааст.
Ҳамин тариқ, тибқи ин санад, ҳамраиси Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ аз ҷониби Озарбойҷон иваз карда шуд.
Ба ин вазифа вазири экология ва захираҳои табиӣ (пештар вазири кишоварзӣ буд) таъин шудааст.
Оғози музокироти Раҳмон ва Алиев дар Қасри миллат - видео
Қобили зикр аст, ки Озарбойҷон ва Тоҷикистон то имрӯз 5 ҷаласаи комиссияи байниҳукуматӣ баргузор кардаанд. Кумита бори охир моҳи феврали соли 2022 ҷаласа баргузор карда буд.
Ёдовар мешавем, раисиҷумҳури Озарбойҷон Илҳом Алиев рӯзи 5 апрел бо як сафари расмӣ вориди шаҳри Душанбе шуд.
Дар чаҳорчӯби сафари якрӯза ӯ бо Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон мулоқот хоҳад кард ва дар ҷараёни он ҷонибҳо дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои мухталифро баррасӣ мекунанд.
Баъд аз анҷоми музокирот имзои як қатор санадҳои ҳамкорӣ дар назар аст.