баррасӣ кард
ДУШАНБЕ, 4 апр — Sputnik. Дар машварати корие, ки ахиран бо ҳузури раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода баргузор шуд вобаста ба вазъи бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ, ҷараёни корҳои саҳроӣ, бунёди корхонаҳои саноатӣ ва истифодаи самараноки иқтидорҳои истеҳсолӣ, иҷрои нақшаи андозҳо гузориши муовинони Раиси вилоят шунида шуд.
Дар ин бора дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд хабар додааст.
Иттилоъ дода шудааст, ки дар машварат муовинони Раиси вилоят, роҳбари дастгоҳи Раиси вилоят, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ иштирок намуданд.
Манбаъ таъкид кардааст, ки бо таҳлили вазъи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ роҳбари вилоят барои дар муҳлати муайяншуда ба охир расонидани корҳои саҳроӣ, вусъати корҳои ободониву созандагӣ, тарбияи ҷавонону наврасон дар руҳияи ватандӯстӣ, даъват ва сафарбаркунии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ дар назди масъулин вазифагузорӣ намуд.
Дар ин ҷаласа зикр гардидааст, ки бо густариши корҳои ободонию созандагӣ сокинони вилоят ҷашни таърихии 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои назаррас пешвоз мегиранд.