ОПЕК+ коҳиши иловагии истихроҷи нафтро тасдиқ кард

Муовини сарвазири Русия коҳиши иловагии истихроҷи нафтро, ки ОПЕК+ тасдиқ кардааст, аз ҷониби як қатор кишварҳои паймон як тадбири муҳим мешуморад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 3 апр — Sputnik. Кумитаи мониторинги вазирони ОПЕК+ (JMMC) коҳиши иловагии истихроҷи нафтро аз ҷониби як қатор кишварҳои паймон тасдиқ кард.
Дар ин бора муовини нахуствазири Русия Александр Новак дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии "Россия 24" изҳор дошт.
"Ин як коҳиши иловагӣ, ихтиёрист. <...> Ин илова ба тадбирҳое аст, ки дар моҳи октябри соли гузашта бо коҳиши 2 миллион бушка дар як рӯз то охири соли 2023 андешида шуда буданд", - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи Новак, чунин тасмим аз доираи ОПЕК+ берун мешавад.
"Ин [Чораҳо] имрӯз дар JMMC ҳамчун чораҳои хеле муҳим ва зарурӣ дар айни замон барои ба эътидол овардани вазъ дар бозор тасдиқ карда шуданд", - гуфт мавсуф.
Русия бар таҳримоти нафтии Ғарб пирӯз шуд
Қаблан як қатор кишварҳои ОПЕК+ дар бораи коҳиши ихтиёрии истихроҷи нафт аз моҳи май то охири соли 2023 ба миқдори 1,16 миллион бушка дар як рӯз хабар дода, ин иқдомро як тадбири пешгирикунанда барои нигоҳ доштани суботи бозор хонда буданд.
Ҳамин тариқ, Русия ва Арабистони Саудӣ истихроҷи маводи сӯхтро дар як шабонарӯз то 500 ҳазор бушка ва Қазоқистон 78 ҳазор бушка маҳдуд мекунанд.
Илова бар ин, барои поин овардани истихроы Имороти Муттаҳидаи Араб (144 ҳазор баррел), Уммон (ба 40 ҳазор баррел), Кувайт (ба 128 ҳазор баррел), Ироқ (211,000 баррел) ва Алҷазоир (48 ҳазор баррел) розӣ шудаанд.