Ятимов дар Фархор боғи хуч бунёд кардаст

Дар ҷануби Тоҷикстон майдони боғҳо майли афзоиш дошта, махсусан таваҷҷуҳ ба парвариши ниҳоли хуч дар ҷангалзорҳои ҷануби кишвар густариш ёфтааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 3 апр — Sputnik. Дар мавзеи Кокули ҷамоати деҳоти "Хутан"-и ноҳияи Фархор дар масоҳати 50 гектар замин боғи хуч бунёд гардид.
Дар ин бора нашрияи расмии вилоят - "Хатлон" иттилоъ дода, афзуд, ки боғи мазкур бо дастгирии роҳбари Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи Фархор, Абдулмуъмин Ятимов таъсис дода шуд.

Дар ҳашари ниҳолшинонӣ раиси ноҳияи Фархор Зариф Назирӣ иштирок намуда, барои нигоҳубини дурусти ниҳолҳои шинонидашуда ва минбаъд васеъ намудани майдони боғи мазкур ва рушд додани истеҳсоли хуч ба масъулин ва кишоварзони ноҳия маслиҳатҳои муфид дод, омадааст дар иттилоия.
Ҳашар бо иштироки раисон дар ВМКБ
Таъкид шудааст, ки ин мавзеъ барои парвариши ниҳоли хуч мувофиқу муносиб буда, тибқи баҳогузории мутахассисони соҳа аз ин қитъа метавон ҳосили хуб ба даст овард.
Ҳосили дарахти хуч дар бахши дорусозӣ зиёд истифода бурда шуда, ба иттилои мутахассисон он шифобахш мебошад.
Маврид ба зикр аст, ки дар мавсими ниҳолшинонӣ ва сабзазоркунии тирамоҳи соли 2022 ва баҳори соли 2023 дар Тоҷикистон шинонидани қариб 1,2 миллион бех ниҳол ба нақша гирифта шудааст.